Эҳтимол футболбози украинӣ ба тими миллии Тоҷикистон ворид шавад

© ФК "Истиклол"Украинский защитник "Истиклола" Алексей Ларин
Украинский защитник Истиклола Алексей Ларин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Вақте ки Алексей Ларин, бозигари “Истиқлол”-и Душанбе шаҳрвандии Тоҷикистонро мегирад, ба ӯ дар футболи минтақа имкони бештар фароҳам меорад.
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Легионери украинии "Истиқлол"-и пойтахт Алексей Ларин ба зудӣ шаҳрванди Тоҷикистон мешавад ва пас аз он метавонад дар тими миллии футболи кишвар бозӣ кунад.
Қарор аст, ки бозигар ба тими миллии Тоҷикистон ҷалб шавад, зеро ӯ дар тими миллии калонсолони кишвараш бозӣ намекард.
Аммо дар ин ҷо як мушкил аст, ки Ларин баъди ду соли дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистон метавонад дар ҳайати яккачини кишвар бозӣ кунад.
Люди идут мимо здания Международной федерации футбола (ФИФА) в Цюрихе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон 4 “қадам” пеш рафт
Алексей Ларин соли 2019 ба Душанбе омад, аммо дар ин муддат ӯ ба як бозигари устувор дар бошгоҳи худ табдил ёфта, хешро на танҳо дар чемпионати Тоҷикистон, балки дар арсаи Осиё низ нишон дод.
Зимнан дар мавсими соли 2020 ӯ дар охири сол беҳтарин легионери кишвар эътироф гардид.
Ӯ аз дастаи "Арсенал"-и Киев ба "Истиқлол"-и Душанбе гузашт, дар ҳоле ки қаблан дар тими "Дунав"-и шаҳри Русеи Булғористон бозӣ мекард. Ин бозигар фаъолияти худро аз бошгоҳи "Днепр"-и Украина оғоз кардааст.
Футбольный тренер, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Мунтахаби Тоҷикистон ҳанӯз бе сармураббист: кӣ номзади арзанда ба ин вазифа аст
Ӯ дар "Истиқлол" ба унвони ҳимоятгар 82 бозӣ гузаронида, 4 гол задааст.
Дар Тоҷикистон ӯро яке аз гаронарзиштарин футболбозон медонанд. "Transfermarkt" вайро 350 ҳазор евро арзёбӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки чанд сол пеш дарвозабони серб Никола Стошич, собиқ бозигари тими “Истиқлол” низ шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифта буд, вале ҳеҷ гоҳ ба тими миллии Тоҷикистон даъват нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала