Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Гинсбург роҳеро нишон дод, ки 100% аз коронавирус муҳофизат мекунад

© Sputnik / Антон Денисов / Гузаштан ба хазинаи аксВакцинация от коронавируса иностранцев
Вакцинация от коронавируса иностранцев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Александр Гинсбург гуфт, ваксинзанӣ бо "Sputnik V" ва гирифтани ваксина тавассути бинӣ эҳтимол сад дарсад аз COVID муҳофизат кунад
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ваксинзанӣ бо Sputnik V ва дигарбора ворид кардани ваксин тавассути бинӣ эҳтимол муҳофизати муассир аз сирояти коронавирусро таъмин кунад, гуфт Александр Гинсбург, роҳбари Маркази миллии таҳқиқоти эпидемиологӣ ва микробиологияи Гамалея дар суҳбат бо РИА "Новости".
Аммо ба гуфтаи Гинсбург, ин роҳ ҳанӯз дар озмоишҳои клиникӣ омӯхта нашудааст.

"Ҳарчанд онро дар озмоишҳои клиникӣ омӯхтан лозим аст, мо тахмин мезанем, ки ин гуна масуният безарар хоҳад буд, яъне шахси ваксинашуда ҳам иммунитети гуморалӣ ва ҳам луобпардагӣ хоҳад дошт", - гуфт мутахассис.

Александр Гинсбург қайд кард, ки ҳангоми эмкунӣ тавассути бинӣ барои ворид шудани вирус ба бадани инсон монеаи мустақил эҷод мешавад.
Девочка в маске гуляет по улице  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Ба зудӣ: Дар Русия ваксинаи алайҳи COVID - 19 барои кӯдакон сабти ном мешавад
Ин масуният дар "дари даромад"-и вирус рух медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки авохири моҳи августи соли 2021 Гинсбург омодагии худро барои гузаронидани таҳқиқот дар бораи шакли дигари истифодаи ваксинаи коронавируси "Sputnik V", яъне на аз тариқи тазриқ, балки аз роҳи бинӣ эълон карда буд.
Гунсбург тавзеҳ дод, ки дору ҷузъи дуюми Sputnik V мебошад, ки ба бинӣ ворид карда мешавад.
Нимаи моҳи октябр Вазорати тандурустии Русия марҳилаи дувуми таҳқиқотро тасдиқ кард. Дар ин озмоишҳо 500 ихтиёрии калонсол ширкат мекунанд ва он дар ду сол - то охири соли 2023 ба анҷом мерасад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала