Кремл ваксинзании ҳатмӣ дар Русияро шарҳ дод

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузаштан ба хазинаи аксВакцинация от Covid-19 сотрудников предприятия ПАО "Пигмент" в Тамбове
Вакцинация от Covid-19 сотрудников предприятия ПАО Пигмент в Тамбове - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Дмитрий Песков мегӯяд, феълан қарор дар мавриди ваксинзании ҳатмӣ аз коронавирус дар Русия дар дастури кор нест
ДУШАНБЕ, 28 октябр — Sputnik. Дмитрий Песков сухангӯи президенти Русия гуфт, то ҳол дар бораи ҷорӣ кардани ваксинзании ҳатмӣ бар зидди коронавирус ягон қарор қабул нашудааст.
"Минбаъд мебинем, ки вазъ чӣ гуна пеш меравад. Рақамҳо ҳамарӯза тағйир меёбанд ва хушбинкунанда нестанд", - изҳор доштааст ӯ.
Ӯ мегӯяд, барои баъзе аз одамон гирифтани ваксин аллакай ҳатмӣ гардидааст, вале расман ваксингирӣ дар Русия ҳатмӣ эълон нагардидааст.
Ёдовар мешавем, шабонарӯзи гузашта дар Русия 40 096 кас гирифтори ин вабои аср шудааст. Дар маҷмуъ аз аввали ҳамагирӣ то кунун дар Русия 8 392 697 ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.
Лечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Вазъи вахими COVID-19 дар Русия: гирифтории беш аз 40 ҳазор кас дар як рӯз
"Дар як рӯзи охир дар 85 минтақаи Русия 40 096 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус (COVID-19) тасдиқ шуд. Аз ҷумла 3 539 (8,8%) бидуни нишона сабт шуд", - омадааст дар хабари Ситоди фаврии мубориза бо коронавирус.
Дар ҳамин ҳол аз 28 октябр дар Маскав ба хотири вазъи шадиди коронавирус таътил эълон шуд, ки то 7 ноябр идома меёбад.
Ҳамин тавр кори тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дӯконҳои либос, клубҳои фитнесс, китобхонаҳо ва дигар муассисаҳо мутаваққиф шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала