“Ҷояшро ёфтанд”: Мавлавӣ Наҷиби Роғӣ вазифа гирифт

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Мавлавӣ Наҷибуллоҳи Ҳаққонӣ, маъруф ба Мавлавӣ Наҷиби Роғӣ фармондеҳи ливо (бригада)-и ҳимояи Вазорати дифои Афғонистон гумошта шуд
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Бар пояи он иттилое, ки то ба ҳол дастрас шудааст, ӯ чаҳорумин тоҷик ва ҳафтумин ғайрипаштунест, ки ба як мақоми баланд дар ҳукумати “Толибон”* таъйин мешавад.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон аз қавли як маъмури Вазорати дифои Афғонистон гуфт, фармони ӯ аз сӯйи Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузори ҳаракати “Толибон”*, ҳоло сарпарасти Вазорати дифои Афғонистон имзо шудааст.

“Ливои ҳимояи Вазорати дифоъ масъулияти муҳофизати тамоми марказу дафтарҳои низомии Кобулу атрофаш, қабл аз ҳама бинои Вазорати дифоъ аст”, - гуфт манбаъ.

Қаблан манобеи Sputnik Тоҷикистон аз қавли худи Мавлавӣ Наҷиб гуфта буданд, ки ӯро ба сифати фармондеҳи ливои таҳаррукоти Вазорати дифоъ таъйин кардаанд, аммо фармон содир нашудааст.
Мавлавӣ Наҷиб, тоҷик, зодаи рустои Патири вулусволии Роғистон буда, ҳудуди 45 сол дорад ва аз кадрҳои муҳими “Шабакаи Ҳаққонӣ”* ба ҳисоб меравад. Пойгоҳҳои ӯ дар минтақаи Роғҳои Бадахшон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, ҷойгиранд.
Дар гузашта ин шоеот ҳам вуҷуд доштанд, ки пас аз барканории Мавлавӣ Амонуддин, волии Бадахшон “Шабакаи Ҳаққонӣ”* талош кард, то Мавлавӣ Наҷибро дар курсии ӯ нишонад, аммо “Толибон”* мувофиқат накард.
Афганский Бадахшан. Кишлак Нусай напротив Дарваза. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Ҳокими тилои Роғҳо": хазинаҳои Помир чӣ тавр ба дасти "Шабакаи Ҳаққонӣ" афтиданд?
Далели онҳо ин будааст, ки Мавлавӣ Наҷиб хумси тилои Роғҳоро насупурдааст, аммо дар асл аз пайвастани ӯ ба “ДОИШ”* хавф доранд. Манбаи Sputnik Тоҷикистон гуфт, як комиссияи ҳақиқатёби “Толибон”* ба Роғҳо сафар кард, то конҳои Мавлавӣ Наҷиб ва даромадҳои ӯро ба баррасӣ гиранд.

“Аммо вай ба афродаш фармон дод, ки бештар аз нисфи экскваторҳоро пинҳон кунанд, то “Толибон”* натавонад даромадҳои аслии ӯро маълум кунанд”, - гуфт ӯ.

Интисоби Мавлавӣ Наҷиб ба фармондеҳии ливои ҳимояи Вазорати дифои Афғонистон як гуна машғул доштани ӯ дар Кобул ва ҷилавгирӣ аз бозгашташ ба Бадахшон, аз сӯйи дигар намунае аз талоши “Толибон”* барои эҷоди як ҳукумати ҳамашумул аст.
Қабл аз ӯ ҳамшаҳриҳояш аз Бадахшон - Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф, сарпарасти Вазорати иқтисод ва Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулл ё луидиристизи Вазорати дифоъ ва як тоҷики дигар - Ҳоҷӣ Нуриддин Азизӣ, зодаи дараи Панҷшер сарпарасти Вазорати тиҷорати ҳукумати худхондаи Иморати исломӣ гумошта шуда буданд.
Ба шумули Абдусалом Ҳанафӣ, муовини дувуми сарвазир аз ӯзбекҳои вилояти Форёб ва доктор Қаландар Ибод, сарпарасти Вазорати тандурустӣ, аз ӯзбекҳои Сарипул теъдоди ғайрипаштунҳои ҳукумати “Толибон”* ба шаш нафар мерасад.
* - созмони террористи мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала