Хоҳиши Қирғизистон аз Русия барои барқарор ҳаракати қатораи мусофирбарӣ

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузаштан ба хазинаи аксПоезд ОАО "РЖД", архивное фото
Поезд ОАО РЖД, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Бишкек ба Маскав пешниҳод кард, ки ҳаракати қатораи мусофибар ба Қирғизистонро барқарор кунад
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Қирғизистон ба Русия пешниҳод кард, ки ҳаракати қатораи мусофирбарро, ки соли гузашта ба далели пандемияи коронавирус мутаваққиф шуда буд, барқарор кунад, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон.

"Ҷониби Қирғизистон ҷадвали ҳаракати қатораи мусофирбарро ба Русия дар сурати ҳосил шудани тавофуқ дар бораи лағви маҳдудиятҳо пешниҳод кард", — гуфтанд дар департаменти дипломатӣ.

Ҳамин тариқ мақомоти Қирғизистон пешниҳод кардаанд, ки ҳафтае ду бор аз Бишкек ба Маскав қатора равад.
Прибытие поезда. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Ба Русия тавассути роҳи оҳан: қоидаҳои нави вуруд барои муҳоҷирон
Пешниҳод шудааст, ки ҳафтае як парвозии дигар аз Бишкек ба Қазону Новосибирск ташкил шавад.
Борбарӣ тавассути роҳи оҳан миёни ду кишвар қатъ нашудааст.
Қобили зикр аст, ки қатораҳои қирғиз метавонанд танҳо тавассути қаламрави Қазоқистон вориди Русия шаванд ва аз ин рӯ ҳоло Бишкек бо ҷониби Қазоқистон низ дар ҷиҳати боз кардани роҳи қатораи мусофирбар дар ҳоли гуфтушунид аст.
Дар Қазоқистон аз 13 майи соли 2020 бинобар вазъи эпидемиологӣ дар давраи маҳдудиятҳои карантинӣ ҳаракати нақлиёти заминӣ ва қатора дар ҳолати транзитӣ масдуд шуд.
Возобновление движения поездов между Калининградом и Москвой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Русия марзашро ба роҳи оҳан кушод: бо кадом давлат?
То кунун шаҳрвандони Қирғизистон, ки ба Русия сафар мекунанд, аз роҳи ҳавоӣ – хатсайрҳои мунтазам ва чартерӣ истифода мекунанд.
Аз фурудгоҳҳои байналмилалии Манас (Бишкек), Ош (Ош) ва Иссиқкӯл (Тамчӣ) ба Маскав, Новосибирск, Санкт-Петербург, Қазон ва 22 шаҳри дигари Русия парвозҳо анҷом дода мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала