Лоиқ Раҷабов боз дар мубориза барои $1 млн доллар мағлуб шуд

© UFC BetЛоик Раджабов - боец смешанных единоборств, лига PFL
Лоик Раджабов - боец смешанных единоборств, лига PFL - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Обуна шудан
Варзишкори тоҷик дар тӯли рақобат чусту чолокӣ нишон дод, вале дар поёни сабқат аз рӯи ҳисоби холҳо мағлуб шуд
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Варзишгари тоҷики ММА Лоиқ Раҷабов дар Гран-при "Professional fight league (PFL) – 2021" аз тарафи ҳарифи бразилиягиаш Рауш Манфио мағлуб шуд.
Мусобиқа дар майдони "Hard Rock Hoteland Casino"-и Ҳолливуд (ИМА) шоми 27 ба 28 октябр доир гашт.
Ҳар ду варзишкор ҳам ба майдон бо омодагии ҷиддӣ омаданд. Аз ин рӯ рақобат то охирин дақиқаҳо идома кард.
Лоиқ Раҷабов бештар ба ҳамла аҳамият медод, аммо ба ҳимоя кӯшиш накард, ки аз камбуди ӯ дар набард гуфта мешавад.
Ҳарифи ӯ бошад, авлавиятро ба ҳимоя медод ва дар паси он зарбаҳои нишонрас мезад, ки боис ба даст овардани холҳои бештар шуд.
Дар поёни рақобат бо қарори якдилона пирӯзӣ ба намояндаи Бразилия Рауш Манфио бо ҳисоби 48-46, 48-46, 49-46 дода шуд.
Ёдовар мешавем, ин бохти чаҳоруми Раҷабов дар корномаи варзишияш аст. Ӯ соли қабл низ дар ҳамин сатҳ барои 1 миллион доллар рақобат бурда, аз тарафи размкори дигари бразилиягӣ Натан Шулте мағлуб шуд.
Мавриди зикр аст, ки Лоиқ Раҷабов пас аз шикасти чанд размкори машҳур тавонист, ки соли 2019 ба PFL роҳ ёбад.
Худи ҳамон сол ӯ ба даҳгонаи беҳтарин муборизони ММА дар Русия ва ИДМ ворид шуд, ки аз рӯи натиҷаҳои пурсиши онлайнии ҳаводорони муҳорибаи омехта аз ҷониби портали русии "TurStat" анҷом шуд.
Раҷабов 31 сол дошта, бо лақаби Jaguar Paw шинохта мешавад ва ҳамакнун 15 ғалаба, 4 бохт ва 1 мусовӣ дорад.
Ӯ дар Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта PFL ҳаштумин рақобаташро гузаронда, то ҳол 3 ғалаба, 4 бохт ва 1 мусовӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0