"Толибон"* дар Доҳа аз намояндагони 14 давлат кумак хост

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARПредставитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Обуна шудан
"Толибон"* аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб намуд, ки ба Амрико фишор оранд, то дороиҳои Афғонистон дар хориҷи кишварро озод кунад
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар Доҳа "Толибон"* бо намояндагони 14 давлати ҷаҳон мулоқот кард. Дар ин бора Билол Каримӣ, сухангӯи "Толибон"* хабар додааст.
Каримӣ ҳамаи кишварҳое, ки дар ин дидор намоянда доштаанд, ёд накардааст, балки танҳо зикр намудааст, дар мулоқот бо "Толибон"* намояндагони Олмон, Ҷопон, Зеландияи Нав ва Норвегия ҳузур доштанд.
Ба таъкиди ӯ, "Толибон"*-ро дар ин вохӯрӣ Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон роҳбарӣ менамуд.
Гуфта мешавад, Муттақӣ ба намояндагони 14 давлати ҷаҳон аз мушкилиҳои иқтисодӣ, таҳрим ва ҳамзамон мубориза бо фасод гуфтааст. Илова бар ин ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ба Афғонистон фишор оранд, то дороиҳои Афғонистон, ки дар кишварҳои хориҷ баста шудаанд, раҳо шаванд.
Боевики Талибана* с оружием на авиабазе Баграм в Парване, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
"Толибон"* ба Амрико таҳдид кард
Муттақӣ дар ин вохӯрӣ изҳор доштааст, ки "Толибон"* тамоми шарту шароитро барои расман эътироф шудани ҳукумати феълии Афғонистон иҷро намудааст.
Ёдовар мешавем, ки алъон ҳеҷ кишваре ҳукумати "Толибон"*-ро ба расмият нашинохтааст ва барои қабул кардани он чанд шарт гузошта шудааст.
Умдатарин шарте, ки барои ба расмият шинохтани "Толибон"* гузошта шудааст, ин ташкил намудани ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст; чизе, ки "Толибон"* мегӯяд, аллакай иҷро кардааст. Илова бар ин аз намояндагони ин гурӯҳ талаб гардидааст, ки ҳуқуқ ва озодии занону духтаронро поймол, онҳоро аз ҳаққи таҳсилу фаъолият маҳрум накунанд.
* гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0