"Facebook" дигар нахоҳад буд: Сукерберг унвони нав пешниҳод кард

Социальная сеть Фейсбук - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Мудири кулли "Facebook" Марк Сукерберг аз тағйири номи ширкат хабар дод, ки ба гуфтаи ӯ, яке аз маъруфтарин шабакаҳои иҷтимоӣ бренди худро иваз мекунад
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Муассиси "Facebook" Марк Сукерберг эълон кард, ки номи шабакаи иҷтимоиро ба "Meta" иваз мекунад.
Вай дар ин бора дар ҷараёни чорабинии "Oculus Connect 2021" дар зимни муаррифии лоиҳаи нав эълон кард.
"Аз ин ба баъд моро "Мета" ном хоҳанд бурд", - гуфт Сукерберг ва фавран логотипи навро дар шакли тасмаи кабуди "Мобиус" муаррифӣ кард.
Дар мавриди номи нав бошад, муассис пайдоиши онро шарҳ дод.

"Калимаи "Meta" аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш "баъдӣ" аст. Барои ман ин рамзи он аст, ки шумо ҳамеша метавонед чизи дигаре созед", - гуфт роҳбари ширкат.

Ба гуфти Марк Сукерберг, бренди нав таваҷҷуҳро ба метаверс ҷалб мекунад. Тибқи идеяи глобалии ӯ, корбар экранро тарк ва таъсири ҳузурро дар воқеияти виртуалӣ эҳсос мекунад.
Поисковая система Google на экране сотового телефона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2021
Пулро Сукерберг медиҳад ё корбари тоҷик: азми Душанбе барои андозгирӣ аз Facebook-у Google
Дар ҳамин ҳол ин миллиардер таъкид кардааст, ки ба далели тағйири бренд номи хидматрасониҳои дигари ширкат низ иваз нахоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки ба ҷуз аз бузургтарин шабакаи иҷтимоии "Facebook", ин ширкат соҳиби "Messenger", "WhatsApp" ва "Instagram" ҳам мебошад.
Ёдовар мешавем, ки "Facebook" бо номи кунунии худ аз соли 2014 вуҷуд дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала