Коҳиши арзиши рубл пас аз чор ҳафтаи болоравӣ: бозори арзи Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДеньги
Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Обуна шудан
Давоми ду рӯз дар Тоҷикистон арзиши пули русӣ, ки чор ҳафта боз дар афзоиш аст, каме коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Қурби пули русӣ ва доллар дар Тоҷикистон каме коҳиш ёфт.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон поён рафта, ҳоло 1000 рубл ба 159 сомонию 20 дирам баробар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ду дар рӯзи гузашта дар кишвар барои 1000 рубл 161 сомонию 50 дирам медоданд.
Бояд гуфт, бо вуҷуди ин асъори русӣ давоми чор ҳафта беш аз 7 сомонӣ боло рафт, ки чунин нишондиҳанда дар гузашта ба сабт нарасидааст.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Таърихи дақиқи ҷаҳиши рекордии қурби доллар маълум шуд
Доллар бошад, нисбат ба нишондиҳандаҳои ду рӯзи гузашта (11.2450) боз коҳиш ёфта, ки ҳоло дар кишвар бар иваз як доллар 11.2395 сомонӣ медиҳанд.
Асъори аврупоӣ низ давоми як моҳи ахир дар ҳоли ноустувор қарор дорад ва ҳоло дар Тоҷикистон барои 1 евро 13.0255 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ ва дигар бонкҳои Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2395 то 11.2500 сомонӣ;
1 евро аз 13.0509 то 13.2300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1592 то 0.1610 сомонӣ.
Иқтисоддон гуфт, ки аз доллар дар соли 2022 чиро интизор бояд шуд
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкомату терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0