Президент дар Хуросон аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ рӯнамоӣ кард

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе площадь "Дусти" памятник Исмоилу Сомони
Душанбе площадь Дусти памятник Исмоилу Сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомониро ҳайкалтарон Маҳмуд Бобоев омода намудааст
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон идома дорад.
Ба иттилои дафтари матбуотии роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мазкур аз муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон, шоҳ Исмоили Сомонӣ рӯнамоӣ кард.
Гуфта мешавад, баландии муҷассама бо назардошти таҳкурсӣ 9,65 метр буда, аз ду паҳлуи он ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик гузошта шудааст.
Масоҳати умумии замини гулгашти Исмоили Сомонӣ 1 ҳазору 550 метри мураббаъро ташкил намуда, дар назди он фаввора сохта шудааст.
 Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт рафт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон
Зимнан, бо ҳузури роҳбари давлат дар ноҳияи мазкур бинои маъмурии деҳоти Фахробод низ ба истифода дода шуд. Бинои мазкур ду ошёна буда, аз 11 ҳуҷраи корӣ, бақайдгирӣ, маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст, бойгонӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии деҳоти Фахробод соли 2018 оғоз гашта, паймонкорони он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Рамзансохтмон" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиккомунпроет" будаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала