Харидории ҷангандаҳои муосир: Қирғизистон барои таҳкими марз барномаи вижа қабул кард

© Прес-служба президента КыргызстанаНа границе Таджикистана и Кыргызстана - село Аксарай
На границе Таджикистана и Кыргызстана - село Аксарай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Мақомоти Қирғизистон дар бораи барномаи таҳкими марзҳо суҳбат карданд. Масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад афзалият дорад
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Мақомоти Қирғизистон аз чаҳор асли муҳиме ёдовар шудаанд, ки барои таъмини амнияти марзи кишварашон дар солҳои наздик бояд иҷроӣ шаванд. Ин масъалаҳо дар Барномаи миллии рушди Қирғизистон то соли 2026, ки бо фармони президент Содир Ҷабборов қабул шудааст, зикр шудаанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Дар барнома гуфта мешавад, ки амният дар марзҳо ба тамомияти арзӣ, ташаккули самтҳои сиёсати хориҷӣ, суботи иҷтимоӣ, рушди иқтисодӣ, соҳаи иттилоот ва дигар соҳаҳои ҳаёти давлат таъсири мустақим дорад.
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷабборов: Омодаи ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонем, аммо як метрро намедиҳем
Гуфта мешавад, ки нопурра будани раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад омили муайянкунандаест, ки таҳдидҳои берунӣ ва дохилиро ба амнияти сарҳад ба вуҷуд меорад. Вазифаи аввалиндараҷа ҳалли ин масъала аст.
Вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат:
бақайдгирии ҳуқуқии сарҳади давлатӣ, такмили қонунҳо, танзими фаъолияти мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар бораи таъмини амнияти сарҳадӣ;
таҷдиди инфрасохтори мавҷудаи сарҳадӣ, инчунин шароит барои ҳаракати озоди қонунии одамон, молҳо, воситаҳои нақлиёт ва бор аз сарҳад бо мақсади вокуниш ба чолишу таҳдидҳо ба амнияти сарҳадӣ;
бо аслиҳаи замонавӣ, техникаи ҳарбӣ ва махсус, системаҳои пешрафтаи технологӣ ва бисёркобурдии худкор, нақлиёти мобилӣ, инчунин воситаҳои техникии назорати амниятӣ ва телевизионӣ, системаҳои назорати дастрасӣ, алоқа ва ғайра таъмин карда шаванд;
такмил додани системаи таълим, тайёр кардан ва бозомузии кадрҳо, баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини афзоиши касбӣ.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта дар Бишкек 40 зиреҳпӯши ҷангӣ, ки бо пули буҷа барои Хадамоти давлатии марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон харида шуда буданд, ба истифода дода шуданд.
Пограничной службе ГКНБ купили 40 единиц новой бронированной военной техники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Қирғизистон 40 мошини ҷангӣ харид
Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ хабар дод, ки нахустин бор аз буҷа 300 миллион сӯм барои ин миқдор таҷҳизот масраф шудааст. Мошинҳои ҷангӣ ва аслиҳа ба вилояти Бодканд фиристода мешаванд.
Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ аз тасмими харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини "Байрактар" ​​ва "Орлан-10" аз Туркия ва Русия хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала