Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Аз Нур то Дӯстуму Масъуд: Русия аз нерӯҳои афғонистонӣ даъват мекунад, силоҳро гузоранд

© AP / Rahmat GulБоевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Вазорати умури хориҷии Русия ёдовар мешавад, ки тамоми масоили сиёсӣ дар Афғонистон бояд аз тариқи дипломатия ҳал шавад
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова дар бораи ташдиди авзоъ аз сӯи нерӯҳои сиёсӣ дар Афғонистон изҳори назар кард.
Дар робита ба интишори эъломия дар бораи таъсиси Шӯрои олии муқовимати миллӣ, ки аз сӯйи раҳбарони фирории ҷомеаи Афғонистон, аз ҷумла маршал Абдурашид Дӯстум ва Атто Муҳаммадии Нур мунташир шуд, Русия аз нерӯҳои афғонистонӣ даъват кард, ки вазъро ташдид накунанд.

"Мо аз тамоми нерӯҳои этносиёсии Афғонистон даъват мекунем, ки аз сухани ҷангҷӯёна даст кашанд ва барои анҷоми раванди мусолиҳаи миллӣ тамоми талошро бикунанд", - гуфт сиёсатмадор.

Вазорати хориҷаи Русия низ бо даъват аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таваҷҷуҳ ба авзоъ дар ин кишвар таваҷҷуҳро ба эътирозҳои осоиштаи сокинони Афғонистон ҷалб кард.
Устод Ато Муҳаммади Нур, Маршал Дӯстум ва Муҳаммад Муҳаққиқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Сайёф, Нур, Муҳаққиқ, Дӯстум, Тодинхон: иттиҳоди нави зиддитолибонӣ арзи вуҷуд кард
"Нисбати ин муроҷиат набояд беэътиноӣ карда шавад, ин маблағҳо баста мешаванд, ҳол он ки онҳо барои таъмини эҳтиёҷоти аввалиндараҷаи аҳолӣ, пеш аз ҳама барои пардохти маош, нигоҳдории иқтисоди миллӣ ва пешгирии фоҷеаи башарӣ ирсол мешаванд", - хулоса кард Захарова.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского полководца Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
“Бархезед”: Аҳмади Масъуд мардуми Афғонистонро ба қиёми мардумӣ даъват кард - садо
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ эъломия дар бораи таъсиси Шӯрои олии муқовимати миллии Афғонистон нашр шуд. Дар изҳорот аз нияти сиёсатмадорон барои муқовимат ба "Толибон"*, аз ҷумла дар ҳолати зарурӣ бо роҳи низомӣ эълон шудааст.
Бояд гуфт, ҳамакнун дар Афғонистон ду созмони зиддитолибонӣ - Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таҳти раҳбарии писари Қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳи Масъуд Аҳмади Масъуд ва Шӯрои олии муқовимати миллии Афғонистон, ки раҳбар надораду аз тариқи шӯро идора мешавад, фаъолият мекунад.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала