Тавсияи мақомот ба муҳоҷирони корӣ дар давраи маҳдудиятҳои ҷоришуда дар Маскав

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузаштан ба хазинаи акс Государственный Исторический музей, архивное фото
 Государственный Исторический музей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ки барои ҳифзи солимии худ қоидаҳои беҳдоштиро риоя ва дар ҳоли пайдо шудани суол ё пеш омадани мушкиле ба намояндагии ин ниҳод муроҷиат намоянд
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро огоҳ кардааст, ки аз 28 октябр то 7 ноябри соли равон дар қаламрави шаҳри Москва бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус маҳдудият ҷорӣ карда мешавад.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар давраи маҳдудият тарабхонаҳо, қаҳвахона, толорҳои варзишӣ, боғи ҳайвонот, ҳаммом, боғу гулгаштҳо, кошонаи ҳусн, сартарошхона, спа-толорҳо, нуқтаҳои масҳгарӣ, марказҳои савдо, кинотетрҳо, театр, толорҳои фарҳангӣ, сирк ва бозорҳо тартиби кори хешро иваз намуда, дар низоми кори худ маҳдудият ҷорӣ карданд.

“Дар бузургтарин фурӯшгоҳҳои шаҳри Маскав низ ба истиснои Фудсити муваққатан маҳдудият ҷорӣ карда мешавад. Дар фурӯшгоҳҳои “Маскав”, “Садовод”, “Тёплий Стан”, “Южная ворота” маҳдудият пурра ҷорӣ карда шуда, танҳо минтақаҳои фурӯши хӯрокворӣ иҷозати фаъолият доранду халос”, - қайд кардааст манбаъ.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия таъкид кардааст, ки дар сохтмонҳои шаҳри Маскав маҳдудияти корӣ ҷорӣ нашуда, танҳо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ зимни фаъолияти корӣ ва рафтуомад ба ҷойи кор тақвият шудаанд.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Маскав навъи нави коронавирус ошкор шуд
Вай афзуд, дар давраи маҳдудият дар шаҳри Маскав дорухонаҳо, беморхона, клиникаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, марказҳои фурӯши хӯрокворӣ фаъолият намуда, дар тарабхона, ошхона, қаҳвахонаву фудкордҳо танҳо шуъбаи хидматрасонии дастраснамоӣ (доставка) фаъолият менамояд.
Ҳамзамон намояндагии вазорат аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кардааст, ки барои ҳифзи солимии худ қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, дар ҳолати пайдо гардидани суол ё пеш омадани мушкилӣ метавонанд ба намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала