Тоҷирони тоҷик маҳсулоти худро дар Итолиё ба намоиш мегузоранд

© Sputnik / Олег Ласточкин / Гузаштан ба хазинаи аксВид на Рим с купола собора св. Петра в Ватикане. Архивное фото
Вид на Рим с купола собора св. Петра в Ватикане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Итолиё ва Тоҷикистон дар бораи тақвияти равобити миёни доираҳои тиҷоратӣ ва ташкили ҳамоишҳо ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Тоҷикистон ҳамкориҳои худро дар бахши тиҷорат ва самоягузорӣ бо Итолиё тақвият хоҳад дод, иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷии кишвар.
Ин масъала зимни дидори Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Итолиё дар Тоҷикистон Агостино Пинна баррасӣ шуд.
Зимни мулоқот ба равобити тиҷоратӣ ва муаррифии имконоти сармоягузории ду кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.
Ҳамчунин маълум шуд, ки Итолиё омодагии худро барои мусоидат дар ташкили сафари тоҷирони тоҷик ба ин кишвар дар соли 2022 изҳор кардааст.
Ахмадзода встретился с послом Италии в Таджикистнане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Аҳмадзода ба сафири Итолиё гуфт, кадом бахши иқтисоди Суғд ба сармоягузорӣ ниёз дорад
Дар ин бора Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон пас аз мулоқот бо мудири Оҷонсии тиҷоратии Итолиё Мартино Кастеллани хабар дод.
Сафар ба тоҷирон имкон медиҳад, шарикони нав пайдо ва масулоти худро дар хоҷир аз кишвар муаррифӣ намоянд.
Ҷониби Тоҷикистон ба меҳмонони итолиёвӣ дар бораи имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, имтиёзҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар маълумот дод.
Итолиё ва Тоҷикистон ҳамчунин дар мавриди таҳкими равобити миёни доираҳои тиҷоратӣ, ташкили ҳамоишҳои тиҷорӣ ва намоишгоҳҳои муштарак ба мувофиқа расиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала