Будубоши ӯзбекҳо дар Русия осон мешавад: муҳлати иқомати онҳо бештар шуд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксПешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве, архивное фото
Пешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Ин равиш феълан нисбати шаҳрвандони Беларус, Қазоқистон, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон татбиқ мешавад
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ин лоиҳаи қонуни федералӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия таҳия шудааст.
"Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои будубоши шаҳрвандони як давлат дар қаламрави давлати дигар, созишномаи озод кардани шаҳрвандони давлатеро, ки муваққатан дар қаламрави давлати дигар қарор доранд, пешбинӣ мекунад, уҳдадории ба қайд гирифтан (дар ҷои будубоши онҳо ба қайд гирифтан) дар мақомоти салоҳиятдори давлати қабулкунанда дар давоми 15 рӯз аз рӯзи ворид шудан ҷорӣ шавад", - омадааст дар қарор.
Ин равиш аллакай нисбати шаҳрвандони Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Қирғизистон татбиқ мешавад.
Гуфта мешавад, ки иҷрои ин созишнома боиси афзоиши шумори шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Русия ва коҳиши самаранокии назорати муҳоҷират нахоҳад шуд.
Меры безопасности в московском метро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Аз метро то дохили хонаҳо: Дар Маскави Нав миёни муҳоҷирон рейдҳои густурда мегузаронанд
Қаблан мақомоти ҳар ду кишвар дар бораи сода кардани тартиби дарёфти патент ва муоинаи тиббӣ барои муҳоҷирони кории ӯзбек тавофуқ карда буданд.
Ҷонибҳо тадбирҳоеро рӯйи даст гирифтанд, ки вақти муҳоҷиронро сарфа ва масрафи онҳоро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дода, барои бисёре аз шаҳрвандони Ӯзбекистон имкони шуғли иловагӣ фароҳам мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала