Ӯзбекистон KFC-и Тоҷикистонро бо мурғ таъмин мекунад

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкВывеска кафе KFC, архивное фото
Вывеска кафе KFC, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Обуна шудан
Гӯшти мурғе, ки аз Ӯзбекистон ворид мешавад, бояд сертификатҳои байналмилалии SGS дошта ва "Ҳалол" -ро дошта бошад
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Корхонаи мурғпарварии "Saxovat" ва тарабхонаи KFC дар Тоҷикистон дар мавриди интиқоли маҳсулоти нимтайёри мурғ ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо истинод ба корхонаи мурғпарварӣ .
Тибқи созишномаи баимзорасида, то охири сол ҳудуди 30 тонна гӯшти мурғ бояд ба Тоҷикистон интиқол ва он ҳатман ба баъзе аз талабот ҷавобгӯ бошад.
Дар Душанбе KFC кушода мешавад - аксҳо
Гуфта мешавад, гӯште, ки аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ворид мегардад, ҳатман сертификати "Ҳалол" ва ҳамзамон сертификати байналмилалии SGS, ки мавҷуд набудани олудагии биологӣ ва кимиёӣ дар маҳсулотро кафолат медиҳад, дошта бошад.
Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон авохири моҳи сентябр тарабхонаи машҳури ҷаҳонӣ, KFC ба фаъолият оғоз кард.
Ин бори нахуст аст, ки шабакаи байналмилалии маъруфи хӯроки умумӣ дар пойтахти Тоҷикистон тарабхона боз мекунад.
Лентаи хабарҳо
0