Зодрӯзи Муҳаммадҷон Шакурӣ: 30 октябр дар таърих

День 30 октября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Рӯзи 30-юми октябр дар Зеландияи нав чун Рӯзи меҳнат таҷлил мешавад. Дар ҳамин рӯз соли 2000-ум пули миллии Тоҷикистон ба сомонӣ иваз шуд

Рӯзи 30-юми октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1908 Русия соҳиби аввалин медали тиллои олимпӣ гардид.
Соли 1918 Осорхонаи мардумони Шарқ таъсис дода шуд.
Соли 1943 дар Маскав дар натиҷаи баргузории конфронс миёни Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА, Англия ва Чин барои таъсиси СММ шартнома ба имзо расид.
День 29 октября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Боздиди Оқохони IV аз Тоҷикистон: 29 октябр дар таърих
Соли 1959 дар натиҷаи пай дар пай ба амал омадани заминҷунбӣ ва тӯфон дар Мексика 5 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дод.
Соли 1974 дар Лондон китоби Чарл Чаплин "Зиндагии ман дар филм" ба нашр расид. Соли 1995 америкоиҳо нахустин маротиба ҳайати иборат аз 8 нафарро ба кайҳон фиристоданд.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Клуби сиёсатшиносони ҷавони АвруОсиё баргузор гардид.

Рӯзи 30-юми октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 2000-ум дар Тоҷикистон пули миллӣ ба сомонӣ иваз шуд.
Соли 2011 - пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV бо сафари серӯза ба Тоҷикистон омад.
Соли 2012 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ мактаби нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
День 28 октября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Зодрӯзи Солеҳ Холматов ва медали тилои Комроншоҳи Устопириён: 28 октябр дар таърих
Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон муовини вақти вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Хунвейро ба ҳузур пазируфт.
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои ширкат дар ҳамоиши навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои ИДМ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфт.
Соли 2015 масоили гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 30-юми октябр

Рӯзи меҳнат дар Зеландияи Нав

Рӯзи 30-юми октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1926 - олими забоншинос, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ.
Соли 1946 - фаъоли ҷамъиятӣ Файзулло Абдуллоев.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала