Даргузашти ровии барҷастаи телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ Игор Кириллов

Запуск телеканала Победа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Игор Кириллов тӯли беш аз 20 сол гӯяндаи барномаи "Время" буд. Дар замони шӯравӣ бештар ба ҷойи раҳбарияти кишвар бо паёми солинавӣ бо мардум ҳарф мезад
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Барандаи телевизион ва радиои шӯравӣ Игор Кириллов дар синни 90-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад шабакаи "Первый канал".
"Чанде пеш аз пахши барнома ба мо хабари ғамангез расид. Имрӯз Игор Леонидович Кириллов аз дунё рафт. Ҳамкори афсонавии мо, дӯсти бузург ва барои бисёриҳо муаллими воқеӣ", - омадааст дар паём.
Сабаби марги ӯ мушаххас нашудааст.
Игор Кириллов 14 сентябри соли 1932 дар Маскав таваллуд шудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун ҳунарпешаи театр оғоз карда, сипас ба телевизион пайваст.
Беш аз 20 сол ровии барномаи "Время" буд.
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
43 - сола: даргузашти муҷрии барномаҳои телевизиони Русия
Аксари вақт ба ҷои роҳбарияти кишвар бо паёми солинавӣ ба мардум муроҷиат мекард. Ӯ ҳамчунин шореҳ, хабарнигор ва барандаи барномаҳои тафреҳӣ низ буд.
То соли 2006 ӯ ҳамасола сухангӯи асосии гузаштҳои низомӣ дар Рӯзи Ғалаба - 9 май буд.
Ӯ дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1977), Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1988) буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала