Филми тоҷикии "Этюд" дар Испания намоиш дода мешавад

© Sputnik / Ekaterina Chesnokova / Гузариш ба медиабонкСъемки телепередачи
Съемки телепередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Обуна шудан
Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" филми коргардон Мумин Латифиро ба намоиш мегузорад
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Филми кӯтоҳи бадеии "Этюд"-и Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" дар Ҷашнвораи 12-уми байналмилалии филмҳои варзишии Барселона намоиш дода мешавад, гузориш медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба коргардони филми мазкур Мумин Латифӣ.
Ин филм аз ҷониби Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" омода шудааст.
Ҷашнвораи 12-уми байналмилалии филмҳои варзишии Барселона аз 14 то 20-уми феврал баргузор мешавад.
Зрители в кинотеатре, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2020
Филми тоҷикӣ ҷоизаи Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмониро ба даст овард
Ин филм 16 дақиқа буда, он дар жанри драмаи варзишӣ ба навор гирифта шудааст.
Филм дар бораи писаре нақл мекунад, ки дар оилаи навозанда таваллуд шуда, ба воя расидааст. Падару модараш мехоҳанд, ки ӯ ба мусиқӣ машғул шавад, аммо писарбача ба футбол таваҷҷуҳ дорад.
Коргардони “Мушкилкушо”: Маблағ не, набудани фикри тоза мушкили синамои мост
"Этюд" филми нахустини коргардон Мумин Латифии 25-сола, хатмкардаи шуъбаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.
Филми мазкур дар Фестивали 30-юми байналмилалии гушоди кишварҳои ИДМ ва Балтика "Киношок", ки дар шаҳри Анапаи Краснодари Русия баргузор гардида буд, ба намоиш гузошта шуд.
Лентаи хабарҳо
0