Меҳ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевТуман в Душанбе
Туман в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Ҳавои Тоҷикистон бебориш шуда дар минтақаҳои кӯҳӣ меғ мефарояд
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҳавошиносони Тоҷикистон пешгӯӣ кардаанд, ки 30 октябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво бебориш мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад буд.
Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 11-16 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 19-24 дараҷа сард ва рӯзона аз 2-4 дараҷа хунук мешавад.
Ҳавои вилояти Суғд тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ меҳ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона шабона 3-8 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳида меҳ мефарояд.
Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 дараҷа гарм ва рӯзона 12-17 дараҷа хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ меҳ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм гузориш шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Душанбе камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 18-20 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала