Омодагии Кореяи Ҷанубӣ барои маблағгузории лоиаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон

© PixabayДоллары США
Доллары США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт алоқамандӣ дорад
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Корея метавонад дар маблағгузории тарҳҳои бузурги нақлиётӣ дар Тоҷикистон ширкат кунад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати нақлиёт.
Як рӯз пеш дар Душанбе вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Чо Ингю, намояндаи Эксимбонки Кореяи Ҷанубӣ мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Мулоқоти вазири нақлиёти Тоҷикистон бо раиси Кобул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Осонсозии ҳаракати нақлиёт ва роҳи оҳан: мулоқоти Азим Иброҳим бо Довуд Султонзуй
Ҳамин тав, вазири нақлиёт гуфт, пешниҳоди мақомоти Тоҷикистон аз 26 модули роҳу нақлиётӣ иборат буда, барномарезии 5 модули дигар низ шуруъ мешавад.

"Барои оғози татбиқи модулҳои дигар ҳамкорӣ бо шарикони рушд зарур аст. Вазир ба меҳмонон аз Кореяи Ҷанубиро бо дигар лоиҳаҳои Вазорати нақлиёт низ шинос кард", - илова кардааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол Чо Ингю қайд кард, ки Бонки содироту воридоти Кореяи Ҷанубӣ метавонад бо пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат лоиҳаҳои бузургро маблағгузорӣ намояд.
Лоиҳаҳои пешниҳодшуда, тавре ки ҷониби Кореяи Ҷанубӣ қайд кардааст, бояд бо Вазорати молия мувофиқа ва сипас барои маблағгузорӣ пешниҳод шаванд.
Қаблан хабар дода шуд, ки миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ёддошти тафоҳуме ба имзо расид, ки дар он ҷалби сармояи кореягӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва иҷрои тарҳҳои муштарак бо ширкати ширкатҳои ин кишвар пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала