Савдои болаззат: Содироти 13 тонна ангури хушсифат аз Турсунзода ба Русия

© PixabayГроздь винограда на солнце
Гроздь винограда на солнце - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Обуна шудан
Аз Турсунзода ба Русия ва Қазоқистон навъҳои ангури хушсифат хоҷагиҳои соҳибтаҷриба ва пешқадами шаҳр, назири "Боғи Сомон" , "Ватан" ва "Ҳоҷӣ Неъмат" содирот шудааст
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Боғдорони шаҳри Турсунзода дар даҳ моҳи соли равон ба Русия ва Қазоқистон беш аз 13 ҳазор тонна навъҳои гуногуни ангур содирот намудаанд.
Ин нишондиҳанда дар қиёс бо соли 2020 ду баробар зиёд аст. Соли гузашта боғдорони шаҳр маҷмуъ 6016 тонна ангур содирот карда буданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар". бо такя ба котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов.
Торговля на рынке Истарвашана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Қазоқистон аз Тоҷикистон пиёзу ангур харид
Гуфта мешавад, ки барои беталаф нигоҳ доштани маҳсулоте, ки барои содирот ҷамъоварӣ мешавад, дар шаҳри Турсунзода беш аз 40 сардхона бо ғунҷоиши зиёда аз 10800 тонна мавҷуд аст.
Кишоварзон ният доранд, ки то охири соли равон содироти ангурро то ба 20 000 тонна расониданд.
Дар парвариш ва содироти ангури хушсифат хоҷагиҳои соҳибтаҷрибаи "Боғи Сомон" , "Ватан" ва "Ҳоҷӣ Неъмат" саҳми бештар дошта, дар майдони токзори ин хоҷагиҳо беш аз 10 навъи ангур павариш меёбад.
Лентаи хабарҳо
0