Се тонна оши палав дар як дег: Рекорди навбатӣ дар Ҷашнвораи “Оши палав” дар Тоҷикистон

© Sputnik Фестиваль плова в Душанбе
Фестиваль плова в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон Ҷашнвораи “Оши палав” бо ҳузури ошпазони тоҷик ва кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Имрӯз дар майдони назди шаршараи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт Фестивали “Оши палав” баргузор гардид.
Дар даромадгоҳи майдон деги бузург бо ғунҷоиши қариб ду тонна маҳсулот аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузошта шуда, дар он 4 нафар ошпаз се тонна оши палав пухтанд.
Дар доираи баргузории Фестивали “Оши палав” 50 деги ошпазӣ, аз ҷумла 40 адад аз шаҳри Душанбе ва аз намояндагиҳои кишварҳои узви ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 дег гузошта шуда, аз ҷониби ҳунармандони соҳаи таббохӣ беш аз 5 ҳазор килограмм оши палов омода карда шуд.
© Sputnik Фестиваль плова в Душанбе
Фестиваль плова в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Фестиваль плова в Душанбе
Зимни ифтитоҳи фестивал муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода иброз дошт, ки хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии тоҷикон дар тӯли садсолаҳо зери таъсири таърихи ғанӣ ташаккул ёфтааст.
© Sputnik Фестиваль плова в Душанбе
Фестиваль плова в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Фестиваль плова в Душанбе
Мавсуф зикр намуд, ки яке аз хӯрокҳои миллии тоҷикон оши палав мебошад, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардидааст.
© Sputnik Фестиваль плова в Душанбе
Фестиваль плова в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Фестиваль плова в Душанбе
Зикр шуд, ки ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Ҳамчунин дар фестивали мазкур барои хушҳолии иштирокдорон барномаи консертӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда шуд.
© Sputnik Фестиваль плова в Душанбе
Фестиваль плова в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Фестиваль плова в Душанбе
Бояд гуфт, оши омодашуда, тибқи дастури роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ба якчанд мактаб- интернат ва қисми ҳарбии пойтахт дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0