Халабонҳои афғонистонӣ 25 дарсади ҳавопаймоҳои ҷангиро ба Ӯзбекистону Тоҷикистон бурдаанд

© AP / Rahmat GulАмериканский вертолет UH-60 Black Hawk в Афганистане. Архивное фото
Американский вертолет UH-60 Black Hawk в Афганистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Миёни санадҳои расмии Амрико маълумоти тоза дар бораи халабонҳои фироркардаи Афғонистон пайдо шуданд, вале аллакай як қисми ин маълумот махфӣ эълон шудаанд
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Замоне ки “Толибон”* дар Афғонистон ба сари қудрат омад, халабонхо фирор карда, наздик ба 25 дарсади ҳавопаймоҳоро бо худ бурданд. Дар ин бора дар гузориши семоҳаи нозири кулли бозсозии Афғонистон (SIGAR) хабар дода мешавад.
Пеш аз ҳама ин ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистону Ӯзбекистон бурда шуданд. Гуфта мешавад, миёни ҳавопаймоҳое, ки дар ихтиёри нерӯҳои ҳавоии Афғонистон қарор доштанд, ҳавопаймоҳои ҳамлаовари сабуки "А-29 Super Tucano", "UH-60 Black Hawk", MD-530 ва чархболҳои Ми-17 мавҷуд буданд.
Ҷон Сопко, мақомдори амрикоӣ дар ин санад навиштааст, ки пурра ифшо кардани ҳаводисро дар пасманзари хуруҷи нирӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон ғайриимкон аст, зеро бархе аз иттилоъ аллакай махфӣ мебошанд.
Визит советника президента США по нацбезопасности Дж. Болтона в Минск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Болтон: Трамп ва Байден ҳар ду масъули хуруҷи шармандавори мо аз Афғонистон ҳастанд
Аз ин рӯ вай маҷбур шуд, ки маълумоти аллакай нашршударо таҳрир кунад.
Сопко ҳамчунин қайд кард, ки тамоми вазъи Афғонистонро дар давраи тағйири қудрат метавон "танҳо дар сурате шарҳ дод, ки он маълумоте, ки Вазорати дифоъ ва Департаменти давлатӣ нашри онро аллакай манъ кардаанд, ифшо шавад".
Ҳадди аққал Пентагон ба маълумот дар бораи вазъи нерӯҳои амниятии Афғонистон, қувва ва талафоти умумии онҳо аз соли 2015 дастрасии маҳдуд дорад.
* гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала