Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Панҷ миллион нафар аз коронавирус фавтид

© AFP 2021 / OZAN KOSEДолжностные лица в масках погружают гроб в транспортное средство
Должностные лица в масках погружают гроб в транспортное средство - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Тибқи маълумоти расмӣ, аз бемории коронавирус дастикам 5 миллион нафар дар ҷаҳон фавтидааст
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Бар асари пандемияи коронавирус давоми ду сол 5 миллион нафар дар ҷаҳон фавтид. Ин омор тибқи маълумоти расмӣ аст ва шояд теъдоди фавтидагон аз ин бештар бошад.
Маълумоти мазкурро Донишгоҳи Ҳопкинг аз сартосари ҷаҳон нашр намудааст.
Тибқи маълумоти расмии ин донишгоҳ, дар саросари ҷаҳон аз бемории коронавирус 5 миллион нафар ба ҳалокат расид.

"Аз вируси COVID-19 дар ҷаҳон 4 994 607 нафар ҷон бохт. Ҳамзамон 246 367 237 нафар дар ҷаҳон гирифтори ин вабо гардидааст, омадааст дар омори донишгоҳ.

Омори сирояту фавт дар 10 кишвар чунин аст:
ИМА - 745 665 фавту 45 949 951 сироят;
Бразилия - 607 694 фавту 21 804 094 сироят;
Ҳиндустон - 457 740 фавту 34 260 470 сироят;
Мексика - 287 951 фавту 3 802 287 сироят;
Русия - 233 063 фавту 8 338 053 сироят;
Перу - 200 197 фавту 2 199 876 сироят;
Индонезия - 143 388 фаву 4 243 835 сироят;
Британия - 140 981 фавт 9 062 710 сироят;
Италия - 132 074 фавту 4 767 440 сироят;
Колумбия - 127 258 фавту 5 000 677 сироят.
Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон аз замони авҷ гирифтани ин беморӣ 17 086 нафар сироят ёфта, 16 960 нафар шифо ёфтааст. Аз ин беморӣ дар ҷумҳурӣ 124 нафар ҷон додааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала