Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

"Роспотребнадзор" барои тамдиди муддати маҳдудиятҳо се шартро гузошт

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксВакцинация от COVID-19 в Москве
Вакцинация от COVID-19 в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Равиши густариши бемории коронавирус метавонад ба қарор дар мавриди маҳдудиятҳо таъсир расонад
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар сурати афзоиш ёфтани мавориди сирояти сокинон ба коронавирус тамдиди маҳдудиятҳо ба маврид аст. Дар ин бора намояндаи "Роспотребнадзор" Александр Горелов ба "Известия" хабар додааст.
Ин мутахассис зикр намуд, ки афзоиши ҳолатҳои нави беморӣ ягона шарти тамдид ёфтани маҳдудиятҳо набуда, ҳамчунин мавҷудияти катҳои холӣ дар беморхонаҳо ва дастгоҳи ИВЛ низ муҳим аст.
Дети в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Русия
Дар Русия теъдоди кӯдакони гирифтори коронавирус афзоиш ёфтааст
Ӯ илова намуд, ки ҷорӣ кардани рӯзҳои ғайрикорӣ метавонад самаранок бошад, аммо муҳимтар аз ҳама ваксингирӣ аст.

"Агар то 80 дарсад масунияти оммавӣ пайдо нашавад, мо набояд муъҷизаро интизор шавем", - афзудааст ӯ.

Дар Русия аз 30 октябр то 7 ноябр ба далели афзоиши мизони бемории COVID-19 рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шуд. Маҳдудиятҳо пеш аз ҳама ба тиҷорат, хӯроки умумӣ ва хидматрасонӣ рабт дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала