Талоши Ашраф Ғанӣ барои гирифтани шаҳрвандии Лубнон

© AP / Rahmat GulБывший президент Афганистана Ашраф Гани
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Обуна шудан
Раиси собиқи амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, раисҷумҳури пешини ин кишвар дар садади касби тобеияти Лубнон аст
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Раҳматуллоҳ Набил, раиси пешини амнияти миллии Афғонистон дар "Твиттер" навишт, ки Ашраф Ғанӣ дар талоши гирифтани шаҳрвандии Лубнон аст.
“Маълумот вуҷуд дорад, ки Ашраф Ғанӣ дар садади ба даст овардани тобеияти Лубнон аст! Аз ин хирад ҷамъиро ба тамасхур нагиред! Умумфиребии Ашраф Ғанӣ мардуми Афғонистонро бадбахт сохт."
Визит советника президента США по нацбезопасности Дж. Болтона в Минск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Болтон: Трамп ва Байден ҳар ду масъули хуруҷи шармандавори мо аз Афғонистон ҳастанд
Руло Ғанӣ, ҳамсари Ашраф Ғанӣ масеҳӣ ва шаҳрванди Лубнон аст.
Қаблан Маҳбубшоҳи Маҳбуб, масъули дафтари матбуотии раисҷумҳури барканоршуда гуфта буд, ки Ашраф Ғанӣ бо диққат авзои Афғонистонро зери назар дорад ва ҳамаи мулоқоту тамосҳояш мутобиқ ба меъёрҳои дипломатику усули кишвари мизбон созмондиҳӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0