"Толибон": Амрико сафораташро дар Кобул бозкушоӣ кунад

© AP / Muhammad FarooqЗабиулла Муджахед
Забиулла Муджахед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Сухангӯи “Толибон”* мегӯяд, ба Амрико гуфтаем, ки сафораташро дар Афғонистон бозгушоӣ кунад, аммо ба ҳеҷ кас иҷозаи сохти пойгоҳи низомиро дар кишвар намедиҳем
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ба нақл аз Sputnik Афғонистон, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ахиран дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки "танҳо Афғонистон ба расмият шинохтан маҷбурият надорад, балки кишварҳои ҷаҳон низ бояд Иморати исломии Афғонистонро ба расмият бишиносанд".
Муҷоҳид таъкид кард, ки “Толибон”* шартҳои ба расмият шинохтанро иҷро кардааст ва “ҳеҷ кас ҳақ надорад, ба умури дохилии Афғонистон дахолат кунад”.
Сухангӯи “Толибон”* афзуд, эътирофи Толибон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ҳамчунон дар Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон мушкилотро ба бор хоҳад овард.
Дар ҳамин ҳол вай таъкид кард, ки кишварҳои ҷаҳон ба зудӣ ин давлатро эътироф хоҳанд кард.
Вай афзуд, ки гурӯҳ барои ба расмият шинохтан тамоми шароитро иҷро кардааст. Аммо Муҷоҳид дар посух ба суоли хабарнигор дар бораи мамнуияти таҳсили духтарон дар мактаб ва иҷозаи кори занон ва таъсири он ба шинохти ин гурӯҳ гуфт, ин як кори дохилӣ аст ва ба расмият шинохтани ин гурӯҳ рабте надорад.
Специальный представитель Госдепартамента США по афганскому урегулированию Залмай Халилзад  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Халилзод: Кори Амрико дар Афғонистон ҳанӯз тамом нашудааст
Вай ҳамчунин шарт гузоштани ин мавзуъро дахолати кишварҳои хориҷӣ ба умури дохилии Афғонистон ба раҳбарии “Толибон”* номид.
Сухангӯи “Толибон”* гуфт, ин гурӯҳ аз тамоми кишварҳо даъват кардааст, ки дар Афғонистон намояндагии сиёсии худро таъсис диҳанд, аммо “Толибон”* иҷоза намедиҳад, ки ҳеҷ кишваре дар Афғонистон пойгоҳи низомӣ таъсис диҳад.
Нерӯҳои “Толибон” рӯзи 15 август, пас аз фирори Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон вориди Кобул ва сипас ба Кохи раёсати ҷумҳурӣ шуданд. То ҳол ҳеҷ кишваре ин гурӯҳро эътироф накардааст.
Ташкили ҳукумати фарогир яке аз шартҳои эътирофи Иморати Исломӣ барои кишварҳост. Аммо мақомоти “Толибон”* ин масъаларо як масъалаи дохилӣ медонанд ва мегӯянд, кишварҳо набояд дар ин бора изҳори назар кунанд.
* - гурӯҳи террристии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала