"Толибон"* сафар ба Русия, Қатар ва Ӯзбекистонро мусбат арзёбӣ кард

© AFP 2021 / WAKIL KOHSARПредставитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид мегӯяд, ҳайати "Толибон"* аз сафар ба Русияву Чин ва Ӯзбекистон "пешрафти хубе" ба даст овард
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ҳукумати "Толибон"* сафар ба Русия, Чин ва Ӯзбекистонро мусбат арзёбӣ намуд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "ToloNews" бо истинод ба сухангӯи ин гурӯҳ Забеҳулло Муҷоҳид.
Вай гуфт, ҳайати "Толибон"* "пешрафти хубе" ба даст овардааст. Аз ҷумла ба гуфтаи ӯ, дар шаҳри Маскав се мавзӯи асосӣ баррасӣ шуд: ҳифзи субот дар Афғонистон, раҳоии даромадҳои Афғонистон дар хориҷ ва имдоду дастгирии кишварҳо аз ин кишвар.
Специальный представитель Госдепартамента США по афганскому урегулированию Залмай Халилзад  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Халилзод: Кори Амрико дар Афғонистон ҳанӯз тамом нашудааст
Илова бар ин, ба гуфтаи Муҷоҳид, дар Ӯзбекистон масъалаи амнияти марзӣ, ҳамкориҳои транзитӣ ва гумрукӣ баррасӣ шудааст.
Ҷангиён дар авоили моҳи август ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои Ҳукуматии Афғонистон афзоиш доданд ва 15-уми ҳамон моҳ вориди Кобул шуданд. Рӯзи дигар онҳо эълон карданд, ки ҷанг тамом шудааст. Сипас хуруҷи оммавии дуҳафтаии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳои ҳамкори онҳо аз фурудгоҳи Кобул оғоз шуд.
Шаби 31-уми август сарбозони амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карданд ва ба ҳузури тақрибан 20 соли артиши Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
* -гурӯҳи мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала