Барфу борону ва сардиҳо: дамои ҳавои барои 1 ноябр дар Тоҷикистон

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузаштан ба хазинаи аксДевушка поз зонтом в осеннем парке
Девушка поз зонтом в осеннем парке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Тоҷикистониён моҳи ноябрро бо боришоти борону барф истиқбол мекунанд
ДУШАНБЕ, 1 ноя – Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти борон ва барф меборад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 9-14 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Сокинони Хатлонро ҳавои тағйирёбанда ва борон интизор аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағийрёбанда пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳи борон ва барф меборад. Дар водиҳо шабона 2+ 7 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0 -5 дараҷа хунук ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Душанбегиёнро ҳаво тағийрёбандаи бебориш интизор аст. Ҳарорат шабона 5+7, рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала