Болоравии нархи ангишту ҳезум дар пайи “лимити барқ” дар рустоҳои Тоҷикистон

© Sputnik Машина с дровами в Согде
Машина с дровами в Согде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Маҳдудшавии барқрасонӣ дар Тоҷикистон ба болоравии нархи ангишт ва ҳезум бетаъсир намондааст
ДУШАНБЕ, 1 ноя – Sputnik. Ҳоло бозори харид ва фурӯши таппак ҳам дар деҳотҳои кишвар гармтар шудааст. Сокинон навоҳии Суғд мегуянд, дар пайи қатъшавии нерӯи барқ дар остонаи фасли зимистон нархи ангишту ҳезум баланд шудааст.
Басир Раҳматуллоев, як сокини ноҳияи Ашт мегуяд, қиммати мошини ҳезум то 1600 ҳазор сомонӣ ва тонаи ангишт ба 2500 сомонӣ боло рафтааст чизе, ки то чанд вақти пеш ҳамагӣ 1400 ва 1800 сомонӣ фурӯхта мешуд.
“Ҳоло арзиши 50 кило ангишт 250 - 260 сомонӣ ва як мошин (Портер), ҳезуми хушкшудаи дарахти зардолу то 1600 сомонӣ баробар шудааст”, - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Олимбой Шарипов як сокини деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан мегуяд, ба ҳисоби ангишту ҳезум нархи таппак ҳам тағйир ёфтааст.
© Sputnik Таппак
Таппак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Таппак
Бино ба гуфти ин сокини рустонишини Истаравшан ҳоло бозорҳои фурӯши маводи сӯхт нархи як мошин (Газел) и таппаки хушк то ба 1200 сомонӣ рақам зада мешавад. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта нарх 20 дарсад ё 200 сомонӣ баланд шудааст.

“Ҳоло бо сабаби қатъ шудани нерӯи барқ аксар мардуми деҳоти шаҳру навоҳии Истаравшан, Деваштич ва Шаҳристон, Ҷ.Расулов, Б.Ғафуров ва ноҳияи Спитамен дар фасли сармо дар бухорӣ ва оташдонҳои худ аз таппак ва ё ба ё ибораи худи мардуми русто “сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ тоза” истифода мекунанд”, - гуфт ӯ.

Таппак аз ҳисоби ахлоти чорвои шохдор (гов) сохта мешавад. Як навъи дигари он чалма ном дошта, он аз ҳисоби ахлоти бузу гову гусфанд тайёр карда мешавад ва ба гуфтаи сокинон ба вижа мӯйсафедон қурбии сӯхти дуюмӣ аз якумӣ дида бамаротиб баландтар будааст.
Як моҳ ба ин тараф реҷаи барқрасонӣ дар кишвар маҳдуд шудааст. Сокинон мегуянд аз соати 8 - и субҳ то 17 - и бегоҳ комилан интиқоли барқ дар навоҳии дуртар аз шаҳрҳои қатъ мешавад.
АЗС в Москве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Дар Суғд қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дубора афзоиш ёфт
Сабаби ин вазъро ширкати “Барқи тоҷик” ба гузаронидани таъмир дар хатҳои интиқоли барқ арзёбӣ мекунад. Аммо сокинон мегуянд, реҷаи маҳдудкунии барқ шабона низ давом мекунад. Ва бино ба гуфтаи сокинон аз соати 22 - и шаб то 5 - и суҳб барқ хомӯш карда мешавад.
То кунун масъулини идораҳои барқрасонии кишвар дар бораи то чи вақт идома кардани таъмирӣ ва кай бо барқи доимӣ таъмин шудани аҳолӣ расман чизе нагуфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала