“Бозгашти ҳаюло” ва “тағйироти кадрӣ”-и ДОИШ* дар Афғонистон: киҳову аз куҷо?

© Sputnik Вооруженные боевики
Вооруженные боевики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Обуна шудан
Ахбори зиддунақиз дар бораи ҷон гирифтани гурӯҳи ДОИШ* дар Афғонистон дигарбора баҳси зарфият ва тавоноиҳои ин гурӯҳро ба миён андохтааст
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Владимир Путин, президенти Русия дар як ҷаласа бо раҳбарони мақомоти истихборотии Иттиҳоди давлатҳои муштарак-ул-манофеъ аз афзудани хатари ин гурӯҳи террористӣ ба кишварҳои ин ҳавза суҳбат кард. Аммо Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи “Толибон”* эълон кард, ки хатари ДОИШ* ҷиддӣ нест ва ин гурӯҳ дар Афғонистон марказ надорад. Дар асл чӣ гап аст?
Sputnik Тоҷикистон ба як идда гузоришҳое даст ёфт, ки иттилооти қобили мулоҳизаеро аз “лонаҳо”-и асосии ин гурӯҳ дар вилоятҳои Нангарҳору Нуристони Афғонистон ба даст медиҳанд. Ин гузоришҳо ҳузури ДОИШ* дар Афғонистонро тасбит ва иддаоҳои “Толибон”*-ро рад мекунанд.

Дастҳои бозу барномаи нав

Моҳи ноябри соли 2019 артиши Афғонистон дар вулусволии Ачини Нанграҳор як амалиёти густардаеро роҳандозӣ карда буд, ки дар пайи он даҳҳо доишӣ кушта ва 300 ҷангии онҳо, ки 243 нафарашон шаҳрвандони Покистон, Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Эрон буданд, бо ҳудуди 700 зану кӯдак таслим шуданд.
Патруль запрещенной в России организации Талибан на улицах Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
"Қартаи ДОИШ*": "Толибон"* ба қурбонии терроризм табдил мешавад?
Он замон мақомоти Афғонистон эълон доштанд, ки ДОИШ* дар Афғонистон комилан саркӯб шудааст ва боқимондаҳояш ба Чапардараи вилояти Кунар паноҳ бурдаанд. Аммо баъди ба қудрат расидани “Толибон”* ин гурӯҳ дигарбора ба саҳна баргашт.
Нангарҳор – пойгоҳи асосии “Вилояти Хуросон”-и ДОИШ* аст. Манбаи Sputnik Тоҷикистон, ки ному вазифааш маҳфуз аст, аз қавли Қорӣ Мансуруллоҳ, як масъули ДОИШ*-и Хуросон дар Нангарҳор хабар медиҳад, ки ин гурӯҳ фармондеҳашро таҷдид намуда, барномаи ҷадидеро ба роҳ андохтааст.
“Фаъолияти ин гурӯҳ дар марҳалаи ҳозир бо амалиётҳои инфиҷор, интиҳорӣ ва террорҳои ҳадафманд маҳдуд мешавад ва барномаи амалиёти таҳоҷумиро надорад. Дар ҳеҷ вулусволии ин вилоят кадом амалиёти таҳоҷумӣ анҷом надода ва дар фикраш ҳам нест. То баҳори соли 2022 бештар рӯи инфиҷор, интиҳорҳо ва террорҳои ҳадафманд тамаркуз намудааст”, - омадааст дар гузориш.
Қисмати дигари барномаи ДОИШ*-и Хуросон кор бо фармондеҳон ва саргурӯҳҳои “Толибон”* аст, ки онҳоро ҷалб ва баъд барномаи таҳоҷумиро роҳандозӣ намояд, то дар як амалиёт қаламрави бузургтареро тасарруф кунад.
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Толибон"* ДОИШ-ро "дарди сар" гуфт
Инфиҷор, интиҳор ва террорҳои ҳадафманде, ки беш аз як моҳи ахир дар Нангарҳор иттифоқ меафтанд, на фақат воқеияти ин гузоришро, ки миёнаҳои моҳи сентябр таҳия шудааст, балки бозгашти ин ҳаюлои террористиро собит мекунад. Ба эҳтимоли зиёд ин гурӯҳ рӯи барномаи суқути Нангарҳор ва таъсиси як давлати ҷаълии худ дар Афғонистон аст.

Таҳаррукоти Ачин

ДОИШ*-и Хуросон тобистони соли равон як гуна “тағйироти кадрӣ” ба амал оварда, масъулини худро барои вилояти Нангарҳор таъйин кард.
Бино ба ин тағйирот, Ҳофиз Гул Аҳмад, машҳур ба Мирвалии 35-сола, масъули амалиётҳои интиҳорӣ, инфиҷор ва террорҳои ҳадафманд, Муфтӣ Амиргул, масъули молии ДОИШ*-и Хуросон дар вилояти Нангарҳор таъйин шудаанд. Ҳар ду аз паштунҳои Оракзай Аҷенсии Аёлати Хайбар Пухтунхоҳи кишвари Покистонанд ва феълан дар вулусволии Ачини вилояти Нангарҳор зиндагӣ мекунанд.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Пулу плани калон”: “Ал-қоида”* Осиёи Марказиро чӣ гуна ҳадаф гирифтааст?
“Ҳофиз Гул Аҳмад як гурӯҳи 20-нафарии мусаллаҳ ва имконоти молии беҳтаре дар ихтиёр дорад. Инфиҷору интиҳор дар Нангарҳор ва террори аъзои “Толибон”* дар вилоятро ӯ мудирият мекунад”, - гуфт манбаъ.
Ҳофиз Ҷамол, машҳур ба Ҳофиз Барёлай, масъули истихборотии ДОИШ-и Хуросон* дар Нангарҳор ва Мулло Кафтархон, машҳур ба Мӯсо, ки қаблан дар ин вазифа буд, муовини ӯ таъйин гардидаанд. Ҳар ду сокини вулусволии Ачини вилояти Нангарҳоранд.
Қорӣ Обид Ал-Хуросонӣ, масъули низомии ДОИШи Хуросон* дар Нангарҳор таъйин шудааст, ки феълан дар вулусволии Деҳболои ин вилоят будубош дорад.
ДОИШ барои Нангарҳор пули зиёд ихтисос додааст. Пас аз суқути ҳукумати қаблӣ ва ба қудрат расидани “Толибон”* то ба ҳол силоҳи зиёд харидорӣ кардааст, ки бештарашон амфур (m4)–и амрикоӣ ба теъдоди се сад мил аст ва муҳимоти беандоза захира намудааст. Ин силоҳҳоро аксарият фармондеҳони “Толибон” ба фурӯш расондаанд, ки аз нерӯҳои ҳукумати қаблӣ ба даст овардаанд. Аъзои ДОИШ* шахсӣ ё гуруҳӣ ба ҳич фирқа ва ё қароргоҳи низомӣ ҳамла накарда, ҳич силоҳ ба даст наёвардаанд”, - омадааст дар гузориш.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Шойгу: ДИИШ* ҳам ба Афғонистон роҳ ёфт
Худи Қорӣ Мансуруллоҳ, дастёри хоси Қорӣ Обид Ал-Хуросонӣ аст ва ҳамин фард гуфта, ки ДОИШ-и Хуросон* дар ҳоли эҷоди як қитъаи зарбатии панҷсаднафара аст, ки бо силоҳи мудерн таҷҳиз гардида ва баъдан, ки амалиётҳои таҳоҷумӣ дар Нангарҳор оғоз шавад, бо ҳамин қитъа оғоз мегардад.
ДОИШ-и Хуросон* хеле мутмаин аст, ки “Толибон”* наметавонад бо нерӯҳои он муқобила намояд. Хеле муҷаҳҳаз аст ва бо нерӯмандӣ амалиёти таҳоҷумии худро оғоз хоҳад намуд. Нерӯҳои бештари кумакӣ низ аз Вазиристонҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ вориди Нангарҳор мегарданд”, - омадааст дар гузориш.

Кадрҳои Ироқ

Нуристон сарпаноҳи дигари ДОИШи Хуросон* дар Афғонистон ба шумор меравад. Ин гурӯҳ 23 августи 2021 раҳбари ҷадидашро дар ин вилоят эълон кардааст.
Муфтӣ Муҳаммад Яъқуб ё Муфтӣ Яъқуби 45-сола, бошандаи аслии дараи Заргули вулусволии Барги Матоли вилояти Нуристон масъули умумӣ дар вилояти Нуристон таъйин шуда, ҳоло дар марбутоти ҳамин вулусволӣ ҳузур дорад.
“Муфтӣ Яъқуб дар Ироқ барои “Давлати исломӣ”*-и Ироқ хидмат кардааст ва бо террористони кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла фармондеҳ Ҳалимови тоҷикистонӣ равобити бисёр хубе доштааст. Вай 130 мусаллаҳ ва равобити ҳасана бо “Толибон”*-и Нуристон дорад. Бо онҳо ихтилоф надорад ва ё то ба ҳол даргир нашудааст. Бо "Ал-қоида" ҳамоҳангӣ дорад ва бо аъзои он дар Нуристон дидорҳо доштааст”, - омадааст дар гузориш.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Медведев аз ҳузури ҳазорҳо ҷангҷӯёни ДИИШ* дар наздикии марзи Осиёи Марказӣ гуфт
Мавлавӣ Абдулвоҳид, машҳур ба Мавлавӣ Меъёр, бошандаи рустои Куванди вулусволии Вонт Войгали вилояти Нуристон, ки дар солҳои 2019 ва 2020 масъули ДОИШ-и Хуросон* дар Нуристон буд, феълан муовини Муфтӣ Яъқуб таъйин шудааст ва дар зодгоҳаш зиндагӣ мекунад.
“Гурӯҳи вай аз 170 мусаллаҳ иборат аст, ки дар вулусволиҳои Комдеш ва Вонт Войгал ҳузур доранд”, - омадааст дар гузориш.
Мавлавӣ Башир, зодаи вулусволии Дуоби вилояти Нуристон, масъули истихбороти ДОИШи Хуросон* дар вилоят таъйин гардида, дар гузашта бо Муфтӣ Яъқуб дар ҷанги Ироқ буд ва дар Нуристон ҳузур надошт.
Мавлавӣ Аҳмадшоҳи 48-сола, зодаи Порун, маркази Нуристон аст, ки қаблан дар вилоёти Нангарҳор, Кунар ва Нуристон барои ин гурӯҳ ҷангида, ҳоло масъули ҷалбу ҷазби он дар Нуристон таъйин шудааст ва феълан дар вулусволии Вонт Войгал будубош дорад.
Фармондеҳони низомии ДОИШ-и Хуросон* дар Нуристон: Нураҳмад, машҳур ба Нуро, ки солҳои 2019 ва 2020 масъули низомии ДОИШ-и Хуросон* дар вилояти Нуристон буд, 35 мусаллаҳ дорад ва таҳти амри Мавлавӣ Меъёр фаъолият мекунад. Мавлавӣ Муҳаммад Тоҳир, зодаи Барги Матол 50 мусаллаҳ дорад ва фармондеҳи низомии гурӯҳ дар ин вулусволӣ аст.
Боец Талибана* с винтовкой в парке развлечений в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Барафрохта шудани парчами сиёҳи ДИИШ* дар вилояти Урузгон
Мавлавӣ Абдусалом, зодаи рустои Девонабобои вулусволии Барги Матол масъули низомии вулусволии Мандул таъйин шуда, ки феълан дар ин вулусволӣ бо 50 мусаллаҳ ҳузур дорад. Як нафари дигар Қорӣ Билол, зодаи Порун сардори як гурӯҳи понздаҳнафарӣ аст.
“Ин ташкилот аз тарафи ДОИШ-и Хуросон* дар Нуристон манзур гардида, ҳамаи ин афрод дар ин вилоят мавҷуд ва фаъол мебошанд. Дар умум, нерӯҳои он дар Нуристон 350 мусаллаҳ дорад ва бо ҷалбу ҷазб машғул аст, то теъдоди афроди худро зиёд бисозад, зеро то замоне ки теъдодашон зиёд нашавад, гирифтани минтақаву нуфуз ғайримумкин аст ва бо “Толибон”* ҳам рӯёрӯй шудан маъно надорад”, - омадааст дар гузориш.

Пушти “тағйироти кадрӣ”

Иттилои фавқ бар он далолат мекунад, ки ба қудрат расидани “Толибон”* дар Афғонистон дасти ДОИШ-и Хуросон”*-ро барои амалиётҳо дар Афғонистон боз кардааст. Аз сӯи дигар “тағйироти кадрӣ”-и ин гурӯҳ далели боризи он гузоришҳоест, ки фармондеҳон ва ҷангиёнаш аз майдонҳои ҷанги Ховари Миёна ба Афғонистон партоб шудаанд.
Аммо суоли мантиқӣ ин аст, ки чаро “Толибон”* бо вуҷуди доштани нерӯву имконоти кофӣ дар ин вилоёт барои нобудии ДОИШ* талош надорад?
Ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон, ки дар гузашта корманди истихбороти Афғонистон буд, мегӯяд, толибу ДОИШ* як маъмурият доранд, фақат ин ки байрақи яке сафед ва дигарӣ сиёҳ аст.
Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Русия аз фаъолшавии ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард
“Раҳбари ДОИШ-и Хуросон* фарде ба номи Шаҳоб Ал-Муҳоҷир, шаҳрванди Ироқ аст, ки ба номи мустаори Саноуллоҳ Содиқ низ ёд мешавад. Вай дар оғоз узви “Ал-қоида”*, баъдтар яке аз фармондеҳони “Шабакаи Ҳаққонӣ”*-и ҳоло дар қудрат буд. Инфиҷорҳои моҳи август дар Кобулро низ Муҳоҷир бо супориши ин шабака анҷом дод. “Шабакаи Ҳаққонӣ”*-ро истихбороти Покистон идора мекунад. Муҳоҷир ва маркази фармондеҳии ДОИШ-и Хуросон* дар Оракзай Аҷенсии Аёлати Хайбар Пухтунхоҳи Покистон қарор доранд”, - гуфт ӯ.
ДОИШ–и Хуросон* соли 2015 дар Оракзай Аҷенсии Аёлати Хайбар Пухтунхоҳи Покистон бо раҳбарии Ҳофиз Саидхон, собиқ фармондеҳи Таҳрики толибони Покистон эъломи мавҷудият карда буд. Шаҳоб Ал-Муҳоҷир ҳафтумин раҳбар ва танҳо ғайрипокистониву ғайриафғонистонӣ аст, ки низ наметавон гуфт, охирин бошад.
* - гурӯҳи террристии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0