Ҷасади собиқ раиси ширкати ТАЛКО дар Маскав ёфт шуд

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото
Таджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Ҷасади Михаил Синаниро духтараш дар манзили истиқоматии ӯ дар шаҳри Маскав пайдо кард
ДУШАНБЕ, 1 ноябр — Sputnik. Раиси пешини корхонаи алюминии Тоҷикистон Михаил Синани дар Маскав даргузашт. Дар ин бора шабакаи телевизионии "112" хабар додааст.
Манбаъ мегӯяд, ҷасади Синании 90 - соларо духтараш бо захми тир аз дохили ҳаммом дар манзили истиқоматии ӯ пайдо кард.
Гуфта мешавад, паҳлӯи ҷасад як таппонча қарор дошт, ки баъди сӯиқасд ба ҷони ӯ дар соли 1994 аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон ҳадя шуда буд.
Феълан дар ҷойи ҳодиса мақомоти зиддахл афтишот мебаранд ва асли ин қазияро рӯшан мекунанд.
Таджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Мулоқоти Раҳмон бо Глазенберг: иқтидори “ТАЛКО”- ро то 1 миллион тонна расониданиянд
Расонаҳо тахмин мезананд, ки ба ҷони раиси пешини Корхонаи алюминии Тоҷикистон шояд сӯиқасд сурат гирифта буд.
Ёдовар мешавем, ки Корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТадАЗ) соли 1975 дар шаҳри Турсунзода таъсис ёфтааст. Соли 2007 он ба Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" (ТАЛКО) табдил ёфт.
Дар ҳоли ҳозир Наҷибулло Раҷабов вазифаи директори генералии ширкатро бар ӯҳда дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала