Лавров: Ғарб дар масъалаи паноҳандаҳои афғонистонӣ ба Тоҷикистон фишор меорад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел России Сергей Лавров
Министр иностранных дел России Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Вазири хориҷаи Русия аз мавзеъгирии Ғарб дар мавриди паноҳҷӯёни афғонистонӣ интиқод кард
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Кишварҳои ғарбӣ ба ҳамсоягони Афғонистон фишор меоранд, гуфт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар суҳбат бо шабакаи телевизиони "Россия 24".
Вай қайд кард, ки масъалаи паноҳҷӯёни афғон яке аз доғтарин масъалаҳо дар минтақа боқӣ мемонад.
Лавров гуфт, ки дар Ӯзбекистон, дар наздикии фурудгоҳ биноҳои махсус ҷудо кардааст, то аз он ҷо паноҳҷӯёни афғонистониро ба дигар кишварҳо интиқол диҳанд. Ба онҳо иҷоза дода намешавад, ки ба кишвар дохил шаванд. Тоҷикистон ҳам ҳамин гуна роҳи ҳалли мушкилотро интихоб кардааст.

"Онҳо таҳти фишор қарор доранд, ки паноҳандагонро қабул кунанд. Онҳо дар сурате нуқтаҳои қабули паноҳандагон таъсис медиҳанд, ба онҳо кафолати дақиқ диҳанд, ки пас аз чанд вақт ин паноҳандагон ба ҷойи дигар бурда мешаванд", - афзуд дипломат.

Вазири корҳои хориҷии Русия қайд кард, ки кишварҳои ғарбӣ аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон талаб доранд, ки даҳҳо ҳазор гурезаро қабул кунанд ва кафолат медиҳанд, ки онҳо пас аз муддате ба ҷойи дигар бурда мешаванд.
Вооруженные боевики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
“Бозгашти ҳаюло” ва “тағйироти кадрӣ”-и ДОИШ дар Афғонистон: киҳову аз куҷо?
"Ғарб гуфт, ба онҳо "ду моҳ" лозим аст, то ҳуҷҷатҳои ин нафаронро дуруст кунанд ва онҳо бояд наҷот дода шаванд, зеро эшон бо нерӯҳои эътилофӣ ҳамкорӣ мекарданд. Агар шумо баъд аз он ки онҳо бо шумо кор карданд ва онҳоро то ҳол нафаҳмидед, ки сазовари эътимод ҳастанд ё на, пас чаро ба кишварҳои Осиёи марказӣ ворид мекунед?”, — суол кард Лавров.
Вазири Русия ҳамчунин афзуд, бо назардошти он ки хадамоти истихборотии Ғарб бояд ҳар фардеро, ки бо онҳо кор мекард, месанҷид, ин вазъ боз ҳам аҷибтар ба назар мерасад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала