Лавров сарпечии "Толибон"* аз таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистонро шарҳ дод

© МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Амалҳои дағалонаи ИМА ва президенти собиқи Афғонистон мақомоти кунунии ҷумҳуриро аз баъзе уҳдадориҳо озод кард
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. "Толибон"* бар ин назар аст, ки аз уҳдадории ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон озод аст. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни суҳбат дар шабакаи телевизионии "Россия 1" ибрози назар кард.
Ин аз он сабаб руй дод, ки Вашингтон муҳлатҳои аз ҷумҳурӣ баровардани қӯшунҳои амрикоиро, ки бо ҷангҷӯён мувофик буд, риоя накард.

""Толибон"* худро аз уҳдадории ташкили як навъ ҳукумати ризоияти миллӣ озод медонист", - гуфт Лавров.

Ба гуфтаи ӯ, Маскав ногузирии ин ё он натиҷаро дарк мекард, дар ҳоле ки "амрикоиҳо кӯшиш мекарданд, ба ҳар навъ созиш байниафғониро таҳрик кунанд".
Гузашта аз ин Иёлоти Муттаҳида ин корро "на чандон моҳирона анҷом дод", шарҳ дод вазир. Созишномаи Доҳа тасаввури ғалабаи дипломатиро бар радикалҳо ба вуҷуд овард.
"Ин аз як тараф умедеро ба вуҷуд овард, ки "Толибон"* ба созиш розӣ шуд. Аз тарафи дигар баҳодиҳии шубҳаовар зиёд буд, зеро ин гурӯҳ розӣ шуд, ки бар ивази хуруҷи ҳама нерӯҳои хориҷӣ сохтори якҷоя таъсис диҳад", - гуфт вазири корҳои хориҷии Русия.
Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Посухи "Толибон"* ба Лавров дар барои таъсиси ҳукумати фарогир
Лавров таъкид кард, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон аз музокираҳо норозӣ буд. Сарвари собиқи давлат дарк мекард, ки иҷрои қарордодҳо боиси тақсими қудрат мешавад. Дар баробари ин мавқеи Ғанӣ ҳамчун шахси аввал дар ҳукумати кишвар ногузир такон мехӯрд, афзуд Лавров.
Сарбозони амрикоӣ ба далели талошҳои раҳбари пешини Афғонистон барои суст кардани иҷрои қарордодҳо дар Афғонистон монданд, гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, нерӯҳои амрикоӣ дар нимаи моҳи августи соли 2021 ин кишварро тарк карданд. Ин боиси сарнагун шудани ҳукумати Ғанӣ ва ғасби қудрат аз тарафи "Толибон"* шуд.
* - ташкилоти террористии фаъолияташ дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала