Медведев аз фарорасии бӯҳрони ҷаҳонии ғизо хабар дод

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель "Единой России", заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев
Председатель Единой России, заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Дмитрий Медведев мегӯяд, дар саросари ҷаҳон қимати маводи ғизоӣ боло меравад, ки ин аз сар задани бӯҳрон шаҳодат медиҳад.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфт, ки дар пасманзари пандемияи коронавирус бӯҳрони ғизоӣ дар ҷаҳон пеш меояд.
Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия як матлаби калоне дар "Российская газета" чоп кардааст.
“Маълум аст, ки ҷаҳон ба бӯҳрони ғизо мувоҷеҳ аст, дар ҳама ҷо қимати маводи ғизоӣ боло меравад, таваррум ба маводи ғизоӣ суръат мегирад", - гуфт Медведев.
Ӯ инчунин ба таназзули иқтисоди ҷаҳонӣ ишора кард, ки аллакай нисбат ба бӯҳрони молиявии солҳои 2008-2009 хеле ҷиддитар аст.
Медведев қайд кард, ки тамоми созмонҳои байналмилалӣ аллакай миқёси бӯҳронро аз 3,3% (маълумоти ХБА) то 3,6% (Бонки Ҷаҳонӣ) арзёбӣ мекунанд. Дар баъзе кишварҳо ин боз ҳам бештар мушоҳида мешавад.
Предпраздничный базар накануне Ид-аль-фитр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Бонки Ҷаҳонӣ: Оилаҳои тоҷик хӯрдани ғизоро кам кардаанд
Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, иқтисоди Британияи Кабир дар соли 2020 9,8%, Фаронса - 8,1%, Олмон - 4,9%, Канада - 5,4%, Африқои Ҷанубӣ - 7%, Ҳиндустон - 8% коҳиш ёфтааст, аммо ҳамзамон иқтисодҳои пешрафта барқароршавии босуръатро пас аз пандемия нишон медиҳанд.
"Баъзе кишварҳои рӯ ба тараққӣ метавонанд ба нишондиҳандаҳои пеш аз пандемия, на пештар аз соли 2024 баргарданд", - таъкид кард муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия ва афзуд, ки оқибатҳои бӯҳрони навро метавон тавассути пеш гирифтани сиёсати самарабахш бо роҳи барқарор намудани иктисодиёт ва нигох доштани устувории нарх бартараф кард.
Генеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Кумак кунед: ҳушдори дабири СММ аз табдил шудани Афғонистон ба бузургтарин бӯҳрони инсонӣ
"Бисёр чиз аз суръати эҳёи савдои хориҷӣ, бахусус дар бахши содироту воридоти хадамот низ вобаста хоҳад буд. Ҳоло касе пешгӯии дақиқе дода наметавонад", - хулоса кард Медведев.
Вай инчунин тавзеҳ дод, ки имрӯз омилҳои ғайрииқтисодӣ низ ба иқтисоди ҷаҳонӣ аз қабили суръати эмкунӣ, пайдоиши навъҳои нави хатарноки коронавирус ва сиёсат таъсир мерасонанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала