Олимон аз гармии даҳшатбор ҳушдор медиҳанд: ҳамарӯза ҳазорон нафар мефавтанд

© AP / Manish SwarupМужчина на высушенной плотине Manjara Dam в Индии, архивное фото
Мужчина на высушенной плотине Manjara Dam в Индии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Обуна шудан
Муҳаққиқон мегӯянд, агар инсоният афзоиши ҳарорати ҷаҳонро нигоҳ дошта натавонад, нисфи аҳолии ҷаҳон ҳар панҷ сол аз фалокатҳои харобиовар азоб мекашанд
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар ояндаи наздик ба далели болоравии ҳарорат дар натиҷаи гармшавии глобалӣ зиндагӣ дар рӯи Замин ғайриимкон хоҳад буд, менависад Phys.org бо истинод ба олимони фаронсавӣ.
Коршиносон қайд карданд, ки ҳарорати хеле баланд аллакай дар баъзе қисматҳои сайёра мушоҳида мешавад.
Ҳамин тариқ, дар Водии марг (Калифорния, ИМА) тобистони имсол гармӣ ба 54,4 дараҷа расид - ин баландтарин рақами сабтшуда мебошад. Муҳаққиқон чунин мешуморанд, ки беамалӣ вазъро дар минтақаҳои дигар бо хушксолӣ, сӯхторҳои ҷангал, тӯфон ва обхезӣ бештар бадтар мекунад.
"Ҳар боре, ки мавҷи гармо ба Замин наздик мешавад, ҳазорон нафар мефавтанд", - изҳор дошт Роберт Вотард, мудири Пажӯҳишгоҳи Пиер-Симон Лаплас гуфт.
Ба таъкиди ӯ чунин фалокатҳо ҳар бор зиёдтар хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи олимон, агар ҳарорат ду дараҷа боло равад, дар ҳар панҷ сол нисфи аҳолии ҷаҳон аз чунин падидаҳо ранҷ мекашанд.
Лентаи хабарҳо
0