Имтиёзу тахфиф: Роҳкиро дар Душанбе чӣ гуна тағйир меёбад

Роҳкиро дар Душанбе чӣ гуна тағйир меёбад ва аз имтиёзу тахфиф киҳо бархӯрдор мешаванд? Ҷавоб ба ин суолро аз тасвирбаёни омоданамудаи Sputnik метавонед дарёфт кунед
Афзоиши роҳкиро дар пойтахт бар асоси хулосаи шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар пойтахт, муроҷиати корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ва ширкату ҷамъиятҳои мусофирбарӣ, тибқи фармоиши Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенақлиётхадамотрасон" сурат гирифта буд.
Ҳамакнун аз 10 ноябри соли равон шаҳрвандон дигар наметавонанд бо қимати қаблӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кунанд.
Тибқи қарори нав, роҳкиро дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои як мусофир ба таври ғайринақдӣ барои истифода аз автобусҳо 1,80, аз тариқи кортҳои якбормасраф 2,80, троллейбусҳо ба таври ғайринақдӣ 1,50 ва аз тариқи кортҳои якбормасраф 2 сомонӣ муқаррар шудааст.
Барои микроавтобусҳо 2,50 ва барои истифодаи таксӣ дар як километр 3,00 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Ёдовар мешавем, қаблан роҳкиро дар автобусҳо барои як мусофир 1,20, троллейбус 0,70 ва микроавтобус 1,60 сомонӣ буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала