Арзиши рубл коҳиш ёфт: БМТ қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомониро эълон кард

6244337 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Моҳи навро рубли русӣ бо коҳишӣ қурб оғоз карду доллару евро бошанд, бо афзоиш
ДУШАНБЕ, 1 ноя – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молӣ, арзиши 1 рубли русӣ 0.1586 сомонӣ мебошад, ки ин нисбат ба ҳафтаи гузашта камтар (0.1592 сомонӣ барои 1 рубл) аст.
Асъори русӣ дар моҳи октябр нисбат ба сомонӣ ба баландтарин нишондиҳандаҳояш дар соли ҷорӣ расид, ки 1000 рубл беш аз 161 сомонӣ қимат дошт.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Таърихи дақиқи ҷаҳиши рекордии қурби доллар маълум шуд
Асъори аврупоӣ бошад, дар оғози моҳи равон майли гаронӣ дорад. Дар бозори арзи кишвар як евро 13.0882 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки ду рӯз пеш 13.0255 буд.
Асъори амрикоӣ низ дар нишондоди нави БМТ каме боло рафтааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2480 сомонӣ арзиш дорад.
Дар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ ва дигар бонкҳои Тоҷикистон болотар аст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла бонки "Эсхата" 1 рубл имрӯз 0,1580 -1595 сомонӣ харидуфурӯш шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1540 то 0.1585 ва дар "Алифбонк" 1 рубл аз 0,1550 то 0,1600 сомонӣ нишон дода шудааст.
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Иқтисоддон гуфт, ки аз доллар дар соли 2022 чиро интизор бояд шуд
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар мешавад.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала