Сафари намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба Туркия

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЦех по производству полипропиленовых мешков в Душанбе
Цех по производству полипропиленовых мешков в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Обуна шудан
Намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон барои омӯзиши таҷриба, барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ дар минтақа ва роҳандозии ҳамкорӣ ба Туркия сафар карданд
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Ба иттилои Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ҳайати Тоҷикистон аз роҳбарон ва намояндагони 12 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ду ширкати консалтингӣ, Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон иборат аст.
Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз сафар шиносоии намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон бо занҷираи арзиши иловашудаи соҳаи нассоҷӣ дар минтақаҳои Истанбул ва Бурса мебошад.
АБР выделил $32 млн. для развития технического образования в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Боздиди намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон
Қарор аст, роҳбарони ширкатҳои тоҷик бо ҳамтоёни туркашон робитаҳои нави тиҷоратӣ барқарор намуда, бозори ашёи хому фазои фурӯшгоҳҳои чаканаи маҳсулоти соҳаро омӯзанд.

“Онҳо ҳамчунин дар робита ба масъалаҳо ва сиёсатгузориҳои соҳавӣ дар Туркия, ба мисли молиёт ва андоз, тартиби содироту воридот, дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва пуштибонии давлат аз соҳа маълумот мегиранд. Вохӯриҳо бо иттиҳодияҳои соҳавӣ барои эҷоди ҳамкорӣ дар оянда замина фароҳам хоҳад овард”, - таъкид кардааст манбаъ.

Ҳамзамон ҳайати Тоҷикистон аз ширкатҳои истеҳсолии Туркия боздид намуда, бо технология ва равандҳои истеҳсолии ин корхонаҳо шинос мешавад ва таҷрибаи онҳоро меомӯзад.
Боздид ва шиносоӣ бо марказҳои тиҷоратӣ ва фурӯшгоҳҳои чакана низ дар нақша аст.

“Ҳамчунин қарор аст, ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни иттиҳодияҳо ва ниҳодҳои хидматрасони тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ мешавад”, -қайд кардааст Маркази тиҷорати байналмилалӣ.

Инчунин соҳибкорони ду кишвар дар дидорҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ (B2B) ҳамкорӣ дар масъалаҳои гуногун, аз ҷумла эҳтимоли бунёди ширкатҳои муштаракро баррасӣ хоҳанд кард.
Швейный цех ООО Нассоджии Худжанд по пошиву школьной формы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2021
Баҳси рушди дузандагию нассоҷӣ дар Тоҷикистон: 7,8 миллион ҷӯроб истеҳсол шудааст
Сафари омӯзишии намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон то 6 ноябр идома меёбад.
Ёдрас менамоем, ки Туркия яке аз истеҳсолкунанда ва содироткунандаи бузургтарини маҳсулоти нассоҷӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Лентаи хабарҳо
0