Тарошидани риш дар бархе аз манотиқи Афғонистон ҳаром эълом шуд

© PixabayБарбершоп, архивное фото
Барбершоп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
“Толибон”* тарошидани ришро дар вулусволии Соғари вилояти Ғур мамнуъ ва дидгоҳи шариат ҳаром эълон карданд
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Комиссиюни Дор-ул-фатвои марказӣ ва тахассусии ҳукумати “Толибон”* тарошидани риш дар вулусволии Соғари вилояти Ғорро ҳаром эълон кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Тоҷикистон.
Дар номае, ки ин комиссюн ҳудуди як моҳ пеш содир карда ва имрӯзҳо ҳамагонӣ шудааст, ин комиссиюн тайи мактубе дар посух ба суоли Шӯрои фиқҳии “Толибон”* дар вулусволии Соғари вилояти Ғур файсала кардааст, тарошидани риш, аз дидгоҳи ҳадисҳои паёмбари ислом, ҳаром аст ва касе, ки риши худро метарошад, муртакиби гуноҳи кабира мешавад.
Ин кумиссиюн навиштааст: “Тарошидани риш, аз дидгоҳи ҳадисҳои паёмбари ислом ва китобҳои фиқҳӣ, ҳаром ва фоили он муртакиби гуноҳи кабира мешавад. Гузоштани риш воҷиб аст”.
Ин дар ҳолест, ки бо рӯи кор омадани ҳукумати “Толибон”* бисёре аз мардум нигарони озодиҳои фардӣ, аз ҷумла тарошидани риш ҳастанд.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала