Трамп: Байден 85 миллиард доллар таҷҳизоти низомиро ба дасти “Толибон”* раҳо кард

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксБрифинг президента США Дональда Трампа
Брифинг президента США Дональда Трампа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Раисҷумҳури собиқи Амрико дар идомаи ҳамалоти шадиди худ алайҳ наҳваи хуруҷи низомиёни амрикоӣ ба дастури Ҷо Байден аз Афғонистон гуфтааст, ки таҷҳизоти низомии амрикоӣ ба арзиши 85 миллиард доллар дар Афғонистон бидуни ин ки мунҳадим шавад, раҳо шуд
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Ба гузориши Sputnik Афғонистон, Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико ахиран дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Fox News" Ҷо Байденро "бадтарин раисҷумҳур дар таърихи Амрико" номид ва гуфт, Ҷимми Картер ва Ҷорҷ Буш барои Амрико раисҷумҳурони хубе набуданд. "Ман фикр мекунам, ки ин (Байден) бадтарин президент дар таърихи кишвари мост" афзуд ӯ.

“Агар ба Афғонистон нигоҳ кунед, мебинед, ки чӣ иттифоқоти ваҳшатноке барои Амрико уфтод ва ҷавонони амрикоӣ зиёде кушта шуданд”, - гуфт ӯ.

Доналд Трамп бо ишора ба ҳамлаи ДИИШ* ба фурудгоҳи Кобул гуфт, дар ин ҳамла беш аз 20 нафарро дорем, ки дасту пойҳояшон қатъ шудааст.
Визит советника президента США по нацбезопасности Дж. Болтона в Минск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Болтон: Трамп ва Байден ҳар ду масъули хуруҷи шармандавори мо аз Афғонистон ҳастанд
“Дар бораи ин ҳамла касе ҳарф намезанад ва баъд аз он беҳтарин таҷҳизоти низомӣ ба маблағи 85 миллиард доллар, ки бештари он нав буд, дар он ҷо раҳо шуд ва онро мунфаҷир накарданд”, - афзуд ӯ.
Дар посух ба ин суол, ки вай маъмурияти Байденро чӣ гуна арзёбӣ мекунад, Трамп гуфт: "Ман фикр мекунам, ин як маъмурияти ноком аст. Ин як фалокат аст. Ман ҳеҷ гоҳ чунин чизеро надидаам. Ман мехостам бубинам, ки ӯ кори дуруст мекунад. Фикр намекунам, ҳаргиз чунин шармсориро барои давлате дида бошем”.
Ӯ дар суханрониаш бори дигар вориди баҳси Афғонистон шуд ва гуфт, теъдоди нерӯҳоямонро ба 2500 нафар расондем ва ҳамаи онҳо вазъияти хубе доштанду дасти касе ба онҳо намерасид.
Раисҷумҳури собиқи ИМА гуфт, баъд Байден омаду артишро қабл аз мардум хориҷ ва ҳазор нафарро, ки амрикоӣ ҳастанду бояд хориҷ мешуданд, дар он ҷо раҳо кард.
Президент США Дональд Трамп во время посещения пограничной стены между США и Мексикой в ​​Аламо, штат Техас - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Трамп: ҳукумати кунунӣ Амрикоро ба фалокат мерасонад
Нерӯҳои амрикоӣ 16 рӯз пас аз вуруди “Толибон”* ба Кобул Афғонистонро тарк карданд. Аммо то ҳол гузоришҳо ҳастанд, ки садҳо шаҳрванди Амрико ё ҳамкорони афғони нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар боқӣ монда ва бо таҳдидҳои “Толибон” рӯ ба рӯянд.
Аз сӯи дигар мунтақидони Ҳукумати Амрико мегӯянд, артиши ИМА таҷҳизоти низомии хеле пешрафта ва аксаран навро дар пойгоҳҳои низомии худу артиши Афғонистон ба дасти “Толибон” гузошта ва бидуни тахрибу интиқоли онҳо кишварро бо аҷала тарк кардааст.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала