Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Вазорати тандурустӣ теъдоди ваксиншудаҳо дар Тоҷикистонро эълон кард

© Sputnik Вакцинация от коронавируса в Таджикистане
Вакцинация от коронавируса в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Дар Вазорат аз омори ахири ваксиншудаҳо гуфтанд ва вазъи коронавирус дар ҷумҳуриро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 1 ноябр — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 2,5 миллион нафар алайҳи бемории коронавирус ваксина гирифтанд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар дод.
Бар хабари манбаъ, феълан 2 140 688 нафар бо вояи дуюм ваксинзанӣ шуданд.
Зикр гардид. ки ваксинзанӣяке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии коронавирус боқӣ мемонад.
Мэр Москвы Сергей Собянин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Собянин аз даҳшати коронавирус дар Маскав гуфт: "10 ҳазор нафар дар 7 рӯз бистарӣ шуд"
Дар ҳамин ҳол, вазорати мазкур вазъи коронавирус дар Тоҷикисонро шарҳ дода, қайд намудааст, ки то 31 дар ҷумҳурӣ 17 086 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
" Аз ин миён 16 960 нафар шифо ёфта, 124 бемор фавтиданд", - омадааст дар хабари вазорат.
Ин ниҳод таъкид намуд, ки шаҳрвандони аз 18-сола боло дар ҷумҳурӣ бояд зидди коронавирус моякӯбӣ шаванд.
Дар Тоҷикистон ҳоло ваксинаҳо ба мисли CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва "Спутник V" мавҷуданд ва сокинон метавонанд тариқи ройгон яке аз ин ваксинҳоро истифода кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала