Мулоқоти дӯстонаи Раҳмон бо Оқохони IV: 2 ноябр дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 2 ноября
День 2 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Обуна шудан
Рӯзи дуюми ноябр дар Қирғизистон Рӯзи кормандони соҳаи фарҳанг буда, дар Мексика ва Эквадор Рӯзи ёдоварӣ мебошад

Муҳимтарин рӯйдодҳои 2 ноябр дар ҷаҳон

Cоли 1940 дар Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ рутбаи сержанти хурд ҷорӣ карда шуд.
Cоли 1953 дар Покистон Маҷмаи конститутсионӣ дар бораи эълон кардани Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор қабул кард.
© AP / Anjum NaveedИсламабад, Пакистан
Исламабад, Пакистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Исламабад, Пакистан
Cоли 1978 Ҷумҳурии Доминикан истиқлоли комил ба даст овард.
Cоли 2016 дар Минск дар чорчӯбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мавзӯи "Ҳамкории кишварҳои узви ИДМ бо Иттиҳоди Урупо, Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ ва масоили бехатарии Урупо" байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ машварат баргузор гардид.
Соли 2017 Душанбе ва Ишқобод аҳди бародарӣ бастанд. Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Ишқободро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси шаҳри Ишқобод Шамуҳаммет Дурдилиев ба имзо расониданд.

Муҳимтарин рӯйдодҳои дуюми ноябр дар Тоҷикистон

Соли 2002 президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳзода Оқохони чаҳорум, ки бо сафар ба Тоҷикистон омад, мулоқоти дӯстона дошт.
© AKDNАга-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото
Ага-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Ага-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Тоҷикистон ва 12 ташкилоти донорӣ стратегияи муштараки ҳамкорӣ ба имзо расид.
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе миёни президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вақти Шӯрои кантонҳои парламенти Швейтсария Ханс Алтер дар бораи ҳамгироӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъват намудани иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум (11 ноябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе) фармон имзо кард.
Соли 2017 Шартномаи ба шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон ба имзо расид.
Соли 2017 президенти Туркманистон Қурбангулӣ Бердимуҳаммадов дар доираи сафари расмии худ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.

Ҷашнҳои рӯзи дуюми ноябр

Дар Қирғизистон - Рӯзи кормандони соҳаи фарҳанг
Дар Мексика ва Эквадор - Рӯзи ёдгорӣ

Рӯзи дуюми ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1944 - олим Аҳадбой Тешаев.
Соли 1947 - олим Бахшибек Гадоев.
Соли 1952 - Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Клара Мирзоева.
Соли 1960 - доктори илмҳои иқтисодӣ Искандар Самандаров
Лентаи хабарҳо
0