Бориши шадиди барфу борон: ҳушдори ҳавошиносон аз се рӯзи номусоид

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе в снегу
Душанбе в снегу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Ҳавои Тоҷикистон давоми се рӯз номусоид мешавад: барфу борон мебораду шамол сахт мевазад
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Рӯзҳои 4-5-уми ноябр дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, бориши борон ва барф пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад Ожонси ҳавошиносии кишвар.
Ҳамин тавр, рӯзи 4-уми ноябр дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борону барф дар назар аст.
Ҳарорати ҳаво дар ин рӯз то 7-10 дараҷа коҳиш меёбад.
Рӯзи панҷуми ноябр бошад, дар баъзе ноҳияҳо ба истиснои вилояти Суғд бориши шадид ва эҳтимоли бадшавии дурии биниш пешбинӣ мешавад.

"Дар ноҳияҳои алоҳида шиддати шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад", - омадааст дар хабар.

Ҳамчунин дар ин мавсим фаромадани меҳ аз эҳтимол дур нест.
Рӯзҳои 5-6-уми ноябр дар баъзе ноҳияҳо ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меҳ мефарояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала