Донишкадаи Пушкин сухани солро эълон кард

CC BY-SA 3.0 / Wikimedia / Государственный Институт русского языка им. А.С. Пушкина, архивное фото
Государственный Институт русского языка им. А.С. Пушкина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Донишкадаи Пушкин “спутник”-ро калимаи сол эълон кард.
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Донишкадаи давлатии забони русии ба номи Пушкин "спутник"-ро калимаи соли 2021 эълон кард. Дар ин бора муовини илмии ректор, мудири илмии лоиҳаи "Сухани сол" Михаил Осадчий иттилоъ дод.
Донишкада ҳар сол натиҷаҳои таҳқиқи "Сухани сол"-ро ҷамъбаст мекунад. Сарчашмаҳо матнҳои ВАО-и русзабон (ҳам русӣ ва ҳам хориҷӣ) ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд.
"Тибқи натиҷаҳои таҳлил, калимаи "спутник" дар боло қарор гирифт, он назар ба соли 2021 нуҳ бор бештар истифода шудааст. Ин вожа ба номи ваксинаи русӣ, афзоиши истифодаи он ба баҳси васеи мавзуи эмкунӣ ва эътирофи ваксинаи Русия дар хориҷа вобаста аст ", - тавзеҳ дод Осадчий.
Ҷои дуюмро калимаи "Афғонистон" гирифт. Он 6,5 маротиба бештар нисбат ба соли гузашта истифода шудааст. Ба гуфтаи коршинос, ин иттифоқ бар асари баррасии ҳаводис дар ин кишвар сурат гирифтааст.
Дар ин радабандӣ ибораи "Маҷрои шимолӣ" дар ҷои савум қарор гирифтааст. Истифодаи он панҷ баробар афзоиш ёфтааст. Ҷойи чорум ба калимаи "барӯйхатгирӣ" ва панҷум ба "импичмент" марбут аст. Илова бар ин истифодаи калимаҳои "QR-код" (4 маротиба), "антиваксина" (се маротиба) ва "антивирус" (2,7 маротиба) афзоиш доштааст.
"Дар поёни рӯйхат калимаҳое ҳастанд, ки гарчанде мо соли 2021 онҳоро ҳамчун калидӣ эътироф кардем, аммо дар нисбат ба чаҳор соли қабл истифода аз он калом коҳиш ёфта, ки "интихобот", "ғайрикорӣ" ва "фавт”-ро дар бар мегиранд”, — илова кард Осадчий.
Вай гуфт, истифодаи бештари калимаи "интихобот" ба интихоботи президентии ИМА дар моҳи ноябри соли 2020 рабт дошт.
Ӯ афзуд, аз ин бармеояд, ки ҷомеаи русзабон интихоботи Амрикоро нисбат ба интихоботи парлумонии Русия бештар баррасӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала