Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Доруҳое, ки истифодаашон барои муолиҷаи COVID-19 дар хона ба таври қатъӣ манъ аст

CC0 / Pxhere / Таблетки
Таблетки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Табиб дар бораи мамнуияти истифодаи мустақилонаи баъзе аз доруҳо дар зимни табобати коронавирус дар хона ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Сардори шуъбаи Маркази миллии илмии тиббии оториноларингологияи ФМБА-и Русия, табиби амрози дохилӣ Александр Мелников доруҳоеро номбар кард, ки истифода аз онҳо дар хона барои мубориза бо COVID-19 ба таври қатъӣ мамнуъ аст.
Дар ин бора пизишк дар саҳифаи Facebook-и худ навишт.
Ӯ пеш аз ҳама истифода аз кортикостероидҳоро дар шароити хона мамнуъ донист.
Мелников гуфт, ки ин доруҳо дар табобати коронавирус самари хуб нишон доданд, аммо ба гуфтаи табиб, онҳоро танҳо дар шароити беморхона истифода бурдан мумкин аст, зеро чунин доруҳо оқибатҳои номатлубро ба вуҷуд меоранд ва танҳо духтур метавонад зарурати истифода аз ин навъ доруҳоро арзёбӣ кунад, ба шарте ки бемор ҳамеша таҳти назорати қарор дошта бошад.
Художественная иллюстрация вируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад
Вай тавзеҳ дод, ки мешавад ҳолатҳое, ки табобати бемори шадид дар беморхона ғайриимкон аст.

"Дар чунин ҳолатҳо таъини кортикостероидҳо метавонад беморро наҷот диҳад ё ба марг мувоҷеҳ созад. Дар чунин ҳолат бояд бемор ва наздикони ӯро огоҳ кард", - гуфт терапевт.

Ин пизишк ҳамчунин дар бораи истифодаи антибиотикхо низ суҳбат кард.
Вай тавзеҳ дод, ки антибиотикҳо бар зидди коронавирус фоидабахш нестанд. Ба гуфтаи ӯ, осеби шуш бар асари COVID-19 сабаби истифодаи доруҳои ин силсила шуда наметавонад.
Мелников таъкид кард, ки эҳтиёҷ ба антибиотикҳо дар сурати ҷараёни шадиди беморӣ, инчунин бо илова шудани сирояти бактериявӣ ба миён меояд.
Работа временного госпиталя для больных коронавирусом в Ленэкспо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Шарҳи СҶБ дар бораи оқибатҳои ногувори бемории COVID-19
Чунин беморон бояд танҳо дар беморхона табобат карда шаванд. Антибиотикҳое, ки дар ин ҳолатҳо истифода мешаванд, танҳо дар шакли тазриқӣ мавҷуданд, аз ин рӯ онҳо дар шароити беморхона истифода мешаванд.
Табиб инчунин аз истифодаи мустақилонаи дигар доруҳои зиддивирусӣ барои коронавирус ҳушдор дод. Қаблан як табиби дигари рус худтабобаткуниро дар сурати бемории коронавирус "фалокатбор" номида буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала