Муштзанҳои тоҷик дар Чемпионати бокси ҷаҳон бе медал монданд

© Национальный олимпийский комитет ТаджикистанаТаджикский боксер
Таджикский боксер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон баромади худро дар Чемпионати ҷаҳонии бокс дар Белград бидуни дастовард анҷом дод
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Варзишгарони тоҷик ширкати худро дар Қаҳрамонии бокси ҷаҳонӣ байни мардон ба анҷом расонданд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ.
Ёдовар мешавем, ки Қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Белгради Сербистон ҷараён дорад ва то 6 ноябр идома хоҳад кард. Дар он беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат мекунад.
Дар остонаи даври 1/8 ниҳоии ин қаҳрамонӣ Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев ба майдон баромаданд.
Дар вазни то 80 кило Шаббос Неъматуллоев аз Кайлан Кэссиди (Ирландия) ва дар вазни то 63,5 кило Баҳодур Усмонов аз Сомчай Вонгсуван (Таиланд) бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрданд.
Пеш аз ин Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 92 кило аз муштзани ҳиндӣ Наренда ва дар даври чаҳорякниҳоӣ Абдураҳмон Ёқубов дар вазни то 60 кило аз Алекс Де Ла Круз Баез аз Доминикан шикаст хӯрда буданд.
Таджикский боксер на ринге Шаббос Негматуллоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Шаббос Неъматуллоев дар Чемпионати ҷаҳонии бокс ҳарифи олмонияшро шикаст дод: видео
Ёдовар мешавем, Шаббос Негматуллоев дар ду давр бар Силвио Шерле (Олмон), Самуэл Камара (Сера Леоне) ва Баҳодур Усмонов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Илия Шакиров (Руссия) дастболо шуда буданд.
Қаблан Абдумалик Болтаев дар вазни 75 кило аз муштзани ҳиндӣ Сумит шикаст хӯрда, аз қувваозмоӣ маҳрум шуда буд. Парвиз Каримов дар вазни 92 кило дар рақобат бо Ҷамар Теиллии амрикоӣ шикаст хӯрд. Хусравхон Раҳимов (57 кило) аз Ландазури Гонсалеси кубаӣ ва Саидикром Амонов (67 кило) аз Мартин Шкогейм аз Норвегия шикаст хӯрданд.
Ҳамин тариқ иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати бокси ҷаҳон дар байни мардон поён ёфт.
Бори нахуст дар таърихи чемпионат ғолибон дар баробари медал бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар қадрдонӣ мешаванд. Барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бошанд, дар баробари медал мутаносибан дар ҳаҷми 50 000 ва 25 000 доллар ҷоизаи пулӣ мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0