Оҷонсии зидди фасод мансабдори ҳукумати Деваштичро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кард

© SputnikСомони, архивное фото
Сомони, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Як мақомдори ноҳияи Деваштич бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон як корманди ҳукумати ноҳияи Деваштичро боздошт кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии оҷонсӣ, С. С дар мансаби роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич фаъолият карда, аз мақоми хидматияш сӯистифода кардааст.
Гуфта мешавад, ӯ дар давраи фаъолияташ бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ, аз шаҳрванд “А” барои дар масоҳати 2627 м² ҷудо карда додани қитъаи замин бо мақсади сохтмони майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ дар якчанд ҳолат дар маҷмуъ маблағи 102 ҳазору 702 сомониро гирифта, ба шаҳрванд зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Боздошти як мақомдор барои сӯистифода аз мансаб дар Тоҷикистон
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати С.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Дар сурати тасдиқи иттиҳом бар асоси ин модда, ба боздоштшуда, ҷарима ба андозаи аз 87 то 131 ҳазор сомонӣ ва ё аз ҳашт то дувоздаҳ соли зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала