Путин гуфт, Русия барои ҳифзи ҷангалҳо иқдоми ҷиддӣ мекунад

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин принял участие в пленарном заседании форума "Российская энергетическая неделя"
Президент РФ В. Путин принял участие в пленарном заседании форума Российская энергетическая неделя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Президенти Русия Владимир Путин дар паёми видеоии худ ба шикатдорони ҷаласаи идораи ҷангал дар ҳамоиши иқлимии СММ гуфт, Русия барои ҳифзи ҷангалҳои худ, ки тақрибан 20%-и тамоми бешаҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад, чораҳои қатъӣ меандешад.
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. "Тақрибан 20%-и тамоми ҷангалҳои ҷаҳон дар кишвари мо ҷойгиранд. Мо барои ҳифзи онҳо, беҳтар намудани шароит идораи ҷангал, мубориза бо дарахтбурии ғайриқонунӣ ва сӯхтор, зиёд кардани ҷангалзорҳо чораҳои ҷиддӣ ва қатъӣ меандешем. Мо ба ин манзур сармоягузориро афзоиш медиҳем", - гуфт Путин.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар паёми видеоии худ ба нишасти ҷангалдорӣ ва истифодаи замин гуфт, Русия аз тасвиби тарҳи эъломияи муштарак дар бораи ҷангал, ки дар чаҳорчӯби нишасти иқлимии СММ дар Глазго таҳия шудааст, пуштибонӣ мекунад.
"Русия аз тарҳи эъломияи муштарак дар бораи ҷангал ва истифодаи замин, ки барои тасвиб дар ҷаласаи имрӯз пешниҳод шудааст, пуштибонӣ мекунад. Умедворем, ки иҷрои он ба шарикии наздиктари ҳамаи кишварҳои манфиатдор дар ҳифзи ҷангал мусоидат хоҳад кард", — гуфт Путин.
Ба фикри ӯ, ин ба мақсадҳои созишномаи Париж барои коҳиши миқдори гази карбон дар атмосфера низ хидмат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала